Имрӯз дар шаҳри Душанбе дави байналмилалии “Об барои рушди устувор” доир гардид, ки даор он Кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Чорабини мазкур дар доираи барномаи баргузории Марафони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028″ ва Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 ва чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи олимпӣ” баргузор гардид.
Қайд менамоем, ки дар доираи татбиқи амалии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самарабахши захираҳои об аз санаи 15 май то 10 июни соли ҷорӣ Марафони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028″ ва Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар ҳудуди Тоҷикистон доир шуда истодааст.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу