- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: аёдати тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳия дар арафаи иди фирт

Санаи 30 апрели соли 2022 дар идомаи ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо,  Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумхурии  Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Темурҷон ба аёдати тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳияро ташриф оварда ба онҳо туҳфаҳои идова на маҳсулоти хурока тақдим намуданд.

Иқдоми мазкур дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии ниёзмандон ва шахсони бепарстор дар иду ҷашнҳо ба ҳисоб рафта аз  ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муносибати  иди саиди фирт роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас маҳсуб меёбад.

Масъулин тарбиятгирандагонро ба муносибати иди саиди фитр табрик намуда, таъкид доштанд, ки ятимон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар интернати назди муассисаи таълимии ноҳия  пайваста таҳти ғамхориҳои роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қарор дошта дар арафаи иду ҷашнҳо  кумакҳо расонида мешаванд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ