- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Таъкид ба рушди иқтисодӣ дар Паёми Роҳбари давлат – Атои Бахтиёр

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои тамоми аҳли ҷомеа, аниқтараш барои ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар дастури муҳиммест, ки аз бандҳои алоҳидаи он метавон давоми як соли пурра самтҳои фаъолияти корӣ ва ҳам рӯзгори худро муайяну мушаххас сохт. Ба таври дигар, агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳаммият диҳем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.

Дар ин замина, вазифаи мақомоти давлатӣ, бахусус ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла сохторҳои Суди Олии иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои Паёми Роҳбари давлатро бояд шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар сокин ин фаҳмишро ҷой кунем, ки аз Паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоянд.

Пешвои миллат 21-уми декабри соли 2021 дар Паёми навбатиашон, дар баробари таҳлилу баррасии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамзамон бештар ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дастовардҳои бадастомада дар ин самтҳо дар замони соҳибистиқлолӣ муфассал андешаронӣ намуданд.

Тавре мавсуф таъкид доштанд, «Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.

Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард».

Сарвари давлат дар идомаи Паёмашон рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро марҳила ба марҳила баён дошта, таъкид намуданд, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои дастҷамъонаи Ҳукумати мамлакат ва мардуми сарбаланди кишвар бисёре аз ҳадафу нақшаҳо амалӣ гардида, қисме аз онҳо дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Зимни пешниҳоди Паём, махсусан ба соҳаи энергетика ва таъминоти аҳолӣ бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ дахл карда шуда, чунин қайд гардид:

«Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем.

Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид».

Дар бораи дастгириҳои иҷтимоиву иқтисодӣ сухан ронда, Президенти кишвар иброз доштанд, ки дар бист соли охир 138 ҳазор гектар, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Аз ин бармеояд, ки 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Дар идомаи Паём дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла ҷиҳати аз ин ҳам бештар фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ва кору хизмат барои ҳар як сокини мамлакат таъкид карда шуд. Вобаста ба ин Роҳбари давлат баён доштанд, ки «…мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Аз ҷумла дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».

Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳадафҳои созандаи халқи мо аз Паём то Паём тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон гузошта мешуданду мардуми меҳнаткаши мо бо рӯҳбаландии ватандӯстона аз пайи иҷрои онҳо мегардиданд. Дар ин радиф, Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат аз оғоз то имрӯз роҳнамои созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландтар гузошта мешуданд, ки имрӯз моро ба ин марҳилаи ободонӣ ва сатҳи ба куллӣ дигари зиндагӣ расонидаанд.

Бояд гуфт, шояд яке аз омилҳои асосии иҷрои ин Паёмҳо боиси ба чунин дастоварду комёбиҳо ноил гардидани Ватани ҳамешабаҳорамон шуда бошанд. Ин ҷиҳат ангезаҳои ватандӯстонае ҳастанд, ки дар ҳар Паём – дар ҳар сухани баландмазмуни Пешвои миллат баён мегарданд.

Ба таври хулоса метавон зикр кард, ки Паёмҳои солонаи Пешвои миллат танҳо як даъвату нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарфи онҳо дар худ муҳаббату самимияти ватандӯстона доранд, ки моро гармиву равшанӣ мебахшанд ва мардумро бо ҳамин муҳаббат ба созандагиҳо талқин месозанд.

Атоӣ Бахтиёр Абдулфайз, иҷрокунандаи мудири Бахши омор ва ҷамъбастияиамалияи судии Суди Олии иқтисодии ҶТ