Дар арафаи ҷашнгири иди Наврӯзи оламафрӯз бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа ҳамчунин дастгирии оилаҳои ниёзманд, бо иқдоми Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷ., иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди иқтисодии вилояти суғд Исмоилзода Р. ва судяи ҳамин суд Гулзода С. оилаҳои ниёзманди ноҳияи Спитаменро аёдат намуданд.
Дар рафти аёдат ба 10 адад оилаҳои ниёзманд ва маъюбони ҷамоати шаҳраки Навкат, ҷамоати деҳоти Т. Улҷабоев, Куруш, Тағояк, Сарбанд ва Хуррамзамини ноҳия маҳсулотҳои ниёзи аввал аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, равғани растанӣ, намак ва орд ҳамчун тӯҳфаи идона тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ






