Санаи 21 марти соли 2022 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Спитамен аз Наврӯзи байналмилал таҷлил намуданд. Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳирҷон Толибзода ва як қатор намояндагони расмии ҳукумати шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода сокинонро бо Наврӯзи Аҷам табрик намуда, аз мақоми ин ҷашни аҷдодӣ дар сатҳи байналмилал зикр кард.
Ҳамзамон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ зимни суханронӣ аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуҳу шаҳомати бештар пайдо кардани Наврӯз ибрози назар кард.
Дар доираи ин чорабинӣ таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, инчунин бозиҳои миллӣ манзури иштирокчиён гардид.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии тантанавӣ таровати зиёдтар эҳдо намуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
