- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Омӯзиш аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ

Тавре маълум аст, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гашт, ки дар он дар қатори ҳамаи дастоварду комёбиҳо, ва камбудиҳои соли гузашта инчунин оид ба дастоварду комёбиҳо ва раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ гуфта гузаштанд.

Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият муҳимтарин ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳадафҳои стратегии кишвар ин раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз  ҷумла коммуникатсия ва нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Инкишофи соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.

Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ мегардад.

Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла,  роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол ‑ Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода асвалтпуш гардида мавриди истифода қарор дода шуда, лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.

Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад.

Дар ин соҳа аз соли 1992 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2830,18 км роҳҳои автомобилгард, 5 нақби автомобилгузар ва 407 пули мошингузар бо дарозии умумии 14372,9 метр, 3,4 км галлереяҳои зиддитармавӣ дар ҳамшафатии роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ ва 218,95 км хати роҳи оҳан бо 3 адад нақби қаторагузар бо дарозии 3643 метр ва 13 адад пули қаторагузар сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдид шуданд.

Аз Паёми ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуллоса баровардан мумукин аст, мақсад аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ин пеш аз ҳама ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва ба яке аз давлатҳои пешрафта аз ҷиҳати роҳу нақлиёт мебошад.

Бинобар ин чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои ҳарсолаашон гуфта мегузаранд, мо мардуми бо ору номуси тоҷик бояд, ки ҳисси матонат ва ватандӯстии хешро бедор намуда, каме ҳам бошад дар рушд ва инкишофи кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистони азиз саҳми назараси худро гузорем. Мо мардуми шарафманди тоҷик метавонем, ки сиёсатҳои хирадмандонаи Президенти кишварамонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳадди ақал роҳравҳо ва гирду атрофи маҳал ва хонаи худро азнавсози намоем, ки каме ҳам бошад дар корҳои созандаги ва ободонии кишварамон саҳми назараси худро гузорем.

Яке аз роҳҳои раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ин пеш аз ҳама бедор намудани ҳисси ватандӯсти ва созандагию ободонии шаҳрвандони кишваро тақозо мекунад, зеро, ки мо зимни сармашқи кори худ қарор додани ҳидоётҳои хирадмандонаи Президенти кишваро дар самти ободони ва азнавсозию созандаги метавонем ба чунин ҳадаф ноил гардем. Барои амалигардигии ин ҳадаф ҳар як мақомот, вазорату кумитаҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони воқеию ҳуқуқиро зарур аст, ки саҳми назараси хешро дар амалишавии ин ҳадаф гузоранд. Масалан вазоратҳо ва мақомотҳою кумитаҳои давлатӣ гирду атрофи идораҳои худ раисони шаҳру ноҳияву ҷамоатҳо роҳҳои байнишаҳриву ноҳиявӣ ва шаҳрвандони воқеию ҳуқуқи гирду атрофи маҳаллу деҳаҳои худро азнавсози намоянд, ки ба ин васила мо метавонем, ки пурра кишвари зебои худро аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо намуда, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои ободу зебо ва аз ҷиҳати коммуникатсионӣ яке аз кишварҳои пешқадами олам гардонем.

Дар ниҳоят, чӣ тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат доимо қайд мекунанд, мо бояд барои расидан ба чунин ҳадаф бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда баҳри амалисозии ин стратегия кӯшиш намоем. Зеро ҳеҷ бегона хонаи моро обод ва моро хурсанд карда наметавонад. Ҳар як мамлакат барои пешрафти худ ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари худододамон муттаҳид шавем, Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ ва яке аз давлатҳои пешрафта аз ҷиҳати роҳу нақлиёт табдил диҳем.

Бегумон амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ ва иқдому дастурҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии тамоми мо мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.

Мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамонзода Ғ..