- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Саволҳо оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон

«Тасдиқ мекунам»

Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ

_________Қаҳҳорзода Ҷ

«2» марти соли 2022

Саволҳо

оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Низоми санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар кадом қонун зикр ёфтааст?.
  2. Мафҳуми қонунро шарҳ диҳед?.
  3. Моҳияти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст?.
  4. Салоҳиятҳои Президентро номбар кунед?.
  5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол қабул шудааст, аз чанд боб ва модда иборат мебошад ва чанд маротиба ба коститутсия тағийру иловаҳо ворид карда шудааст?.
  6. Ки ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад?.
  7. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз киҳо иборатандро номбар кунед?.
  8. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои гражданӣ кадомҳоянд?.
  9. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кадом тарз ва ба кадом муҳлат интихоб мегардад?.
  10. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ?.
  11. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ?.
  12. Моҳият ва муҳӣавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо» шарҳ диҳед?.
  13. Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ?.
  14. Давомнокии фаъолияти корӣ дар як рӯз чанд соат муқарар карда шудааст ва риояи он чӣ гуна ба танзим дароварда мешавад?.
  15. Ба мансаби хизмати давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос таъин мегарданд?.
  16. Эмансипатсия чист?.
  17. Кадом боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ , озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандан бахшида шудааст?.
  18. Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?.
  19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул шудааст ва аз чанд боб ва модда иборат мебошад?.
  20. Низоми хизмати давлатиро номбар кунед?.
  21. Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед?.
  22. Киҳо хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд, талабот нисбат ба онҳо?.
  23. Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ барои мард ва зан?.
  24. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он?.
  25. Мафҳумҳои соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ будани Тоҷикистонро шарҳ диҳед?.
  26. Судяҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санадҳои судиро қабул менамоянд?.
  27. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданиро номбар кунед?.
  28. Мафҳуми Дебочаи (муқадима) Конститусия Ҷумҳурии Тоҷикистон?.
  29. Мӯҳлати даъво дар қонунгузории гражданӣ.
  30. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо эътироф карда мешаванд?.
  31. Низоми судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?.
  32. Салоҳияти судҳои иқтисодӣ?.
  33. Конвенсияи байналмилали дар бораи рафъи тамоми шаклхои табъиз нисбати занон кай кабул карда шуда ва Чумхурии Точикистон аз кай иштирокчии он мебошад?.
  34. Ба вазифаи судяҳои Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, судҳои ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ки метавонад интихоб ё таъин гардад?.
  35. Тарафаҳои мурофиавии суди иқтисодӣ чӣ гуфтан мехоҳед?.
  36. Моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?.
  37. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ ва намудҳои он?.
  38. Оид ба Қонуни конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат” маълумот диҳед?.
  39. Мафҳуми қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунӣ?.
  40. Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ?.
  41. Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусӣ?.
  42. Санадҳои ҳуқуқи байналмиллалиро номбар кунед, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ратификатсия кардааст?.
  43. Мафҳуми коррупсия? Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди Коррупсия” маълумот диҳед?.
  44. Мафҳуми шартнома ва намудҳои он?.
  45. Мафҳуми шартномаи меҳнатӣ ва намудҳои он?.
  46. Муҳлати баррасии парвандаҳо дар марҳилаи якум дар судҳои иқтисодӣ?.
  47. Муҳлати баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионӣ дар судҳои иқтисодӣ?.
  48. Муҳлати баррасии парвандаҳо дар марҳидаи назоратӣ дар судҳои иқтисодӣ?.
  49. Протоколи маҷлиси судӣ дар судҳои иқтисодӣ ки тартиб медиҳад. Аз ҷониби ки имзо мешавад, дар муҳлати чанд шабонаруз таҳия мегардад?.
  50. Судя чи гуна санади судӣ мебарорад?.
  51. Мафҳуми «давлатӣ иҷтимоӣ» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?.
  52. Мафҳуми «давлатӣ ягона» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?.
  53. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризмро номбар намоед?.
  54. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар намоед?.
  55. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба зидци терроризм» маълумот диҳед?.
  56. Мафҳумҳои «терроризм» ва «амалӣ террористӣ»-ро шарҳ диҳед?.
  57. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабарандаро номбар карда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ диҳед?.
  58. Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунандаро номбар намуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ диҳед?.
  59. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот диҳед?.
  60. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» маълумот диҳед.
  61. Мафҳумҳои «экстремизм» ва «сепаратизм» шарҳ диҳед?.
  62. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунандаро номбар намуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ диҳед?.
  63. Субъектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштирокунандаро номбар намуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ диҳед?.
  64. Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот диҳед?.
  65. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот диҳед?.
  66. Дар бораи шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо маълумот диҳед?.
  67. Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот диҳед?.