- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

«Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Эмомалӣ Раҳмон

Воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Зеро, инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад.

Маҳз тавассути фаъолияти онҳо муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд – дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо амалӣ карда шуда, мардум аз фаъолияти судҳо маълумоти зарурӣ дастрас мекунанд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ҳамкории самаранок дошта, дар робитаи доимӣ қарор дорад.

Бо таманнои он ки ҳар як эҷодкор, ҳар як зиёӣ неруи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ равона месозад, бори дигар ҳамаи эҷодкорони ҷумҳуриро ба муносибати иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, саодатмандии рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоӣ таманно менамоем.

 Маркази матбуотии СОИ ҶТ