- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Мавқеи фарҳанги тоҷик дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зокирова Нодира

Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ доир ба самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик қайд менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ин ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад, вазифаи муҳимтарини  ҳар як фарди бомаърифат – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим аст.

Бо шарофати соҳибихтиёрӣ арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллӣ эҳё шуда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносӣ ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳон рушд ёфта истодааст, ки “Шашмақом”, “Фалак”, “Наврӯз”, “Меҳргон” ва “Сада” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, нашри силсилакитоби “Ахтарони адаб” иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Тавре мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва дастгирӣ намудани онҳо боиси камол ва равнақи миллат мегардад. Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад.

Дар замони Шӯравӣ барои рушду такомули санъати касбӣ ва фарҳанги миллии халқи тоҷик диққати ҷиддӣ дода шуд. Диққати асосӣ ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи санъат ва фарҳанг равона карда шуд. Дар солҳои гуногун дар ҷумҳурӣ мактаб-интернатҳои махсуси мусиқӣ, омӯзишгоҳҳои мусиқӣ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ташкил карда шуданд, ки дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик саҳми бузург гузоштанд. Дар баробари ин дар солҳои гуногун гурӯҳҳои донишҷӯён барои таҳсил ба донишкадаву донишгоҳҳои марказии санъат ва фарҳанги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф ин дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир бо рушди мақоми фарҳанги миллати тоҷик дар минтақа таваҷҷуҳи ҷаҳониён рӯз аз рӯз ба кишвари мо афзоиш ёфта истодааст, ки ин аз болоравии сатҳи фарҳанги тоҷик дарак медиҳад.

Котиби маҷлиси судӣ Зокирова Нодира