24 ноябри соли 2025 кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва сарфарози аз рамзoҳои давлатии кишвар дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол” иштирок намуданд.
Иштироки номояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ
Рӯзҳои 17 – 21 ноябри соли 2025 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 8-уми ҷаласаи тарафҳои Конвенсияи Орхус оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷамъият дар ҷараёни қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист ва иҷлосияи 5-уми ҷаласаи ҷонибдорони Протоколи Конвенсияи интиқоли моддаҳои ифлоскунанда ва партовҳо баргузор гардид, иштирок намуданд. […]








