Парчами давлатӣ – рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми Тоҷикистон мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қуввату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, […]