Баргузории машғулияти семинарӣ

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ 28-уми ноябри соли 2025 дар толорҳои маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Суди […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади “Таъмини амнияти энергетикӣ […]


Иштироки кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2025 кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва сарфарози аз рамзoҳои давлатии кишвар дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол”   иштирок намуданд.


Иштироки номояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ

Рӯзҳои 17 – 21 ноябри соли 2025 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 8-уми ҷаласаи тарафҳои Конвенсияи Орхус оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷамъият дар ҷараёни қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист ва иҷлосияи 5-уми ҷаласаи ҷонибдорони Протоколи Конвенсияи интиқоли моддаҳои ифлоскунанда ва партовҳо баргузор гардид, иштирок намуданд. […]


Парчами давлатӣ – ифодаи истиқлолияти давлатӣ ва  рамзи озодии миллати тоҷик

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон пас аз ба истиқлолияти давлатӣ расидан Парчами давлатии худро дар соли 1992 қабул намуд. Зеро Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузур дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонони мо ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми […]


Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21-уми ноябри соли 2025 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф. оғоз гардида қайд намуданд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳиму […]


ПАРЧАМ-НИШОНАИ МУҲИМИ ДАВЛАТ

Қаблан ҳамаи ҳамватанони азизро ба фарорасии “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи ид қайд карда мешавад, муборакбод мегӯям. Меҳоҳам, ки дар ин маврид суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд намоям, ки гуфтааст: “Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху […]


Эълон: Озмун Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (7 ҷой) – Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ – 3074,75 – Сармутахассиси раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодӣ – 2 ҷой – маоши […]


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон шароити мусоид фароҳам овард. Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 ноябри […]


Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолии давлат.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ – парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаем. Тазаккур бояд дод, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими […]