More from: Сафарҳои хориҷӣ

Иштироки намояндагони Суди Олии иқтисодӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои раисони судҳои олии ИДМ.

Рӯзи 12 декабри соли 2024 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, ҷаласаи якуми Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва ёрдамчии муовин Гулмуродзода А.М. иштирок намудаанд. Ҷаласаи мазкур бо иштироки намояндагони ҳокимияти судӣ аз […]


Суханронӣ дар саммити оянда

Муҳтарам ҷаноби Раис! Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл! Хонумҳо ва ҷанобон! Нахуст, мехоҳам ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ташаббуси ташкили Саммити Оянда ва даъват барои иштирок дар ин ҳамоиши муҳим арзи сипос намоям. Мо саъю талошҳои ҳамоҳангсозони Паймон ба хотири оянда – намояндагони Олмон ва Намибияро баланд арзёбӣ менамоем. Ин нишаст барои баррасии мушкилоти […]


Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти […]


Маросими истиқболи расмии Президенти Тоҷикистон дар Дафтари Сарвазири Япония

5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дафтари Сарвазири Япония баргузор шуд. Ба хотири истиқболи расмии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буд. […]


Cафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Япония

3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ […]


Оғози сафари давлатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошкент пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболи […]


Cафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Рӯзи 10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ […]


Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо – Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]


Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Чиндао меҳмони олимақом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин […]


Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали […]