19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали […]
Маҷлиси ҳафтаина
Санаи 18 сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бо Раисии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Мирзозода Рустам саравал доир ба интизоми меҳнат таъкид намуда. риояи қатъии онро аз кормандон талаб намуданд. Сипас оиди ба нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти суд дар нуҳ моҳи соли […]
Қабули шаҳрвандон
Санаи 16 сентябри соли 2023 аз ҷониби Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ – Рустам МИРЗОЗОДА, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими истиқлолияту ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллие, ки баъди садсолаҳо насибамон гаштааст, муттаҳид шавем, пас метавон гуфт, ки чун миллати воҳид – бо асолату фарҳанг ва симои худ – миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо намоем. Эмомалӣ Раҳмон Имрўз миллати […]
Спитамен: Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам дар тантанаҳои Таҷлил аз истиқлол
Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона доир гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар чорабинӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, намояндагони касбу кори гуногун […]
Истиқлол неъмати пурарзиш – Ҷалилзода Х, судяи СОИ ҶТ
Бо эълон гардидани истиклолияти давлатӣ, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омад. Бояд ёдовар шуд, ки истиқлолияти давлатц ва рушду такомули давлатдории навини ҷумҳурии мо махсусан баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистониён […]
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд
8 сентябр дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд. Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти наздик ба 20 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти […]
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем. Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии […]
Суханронии Раиси СОИ ҶТ Мирзозода Р.П дар ҳамоиш бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ
Ҳозирини гиромӣ! Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 32 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак […]
“Истиқлол давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ” – бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СОИ ҶТ ҳамоиш баргузор гардид.
Санаи 6 сентябри соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлол давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Раис, муовинони Раис, муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. […]