Маълумот оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2024

Ҳокимияти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷойгоҳи хоси худро дошта, судҳои иқтисодӣ адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба амал мебароранд. Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ […]


Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Санаи 8 январи соли 2025 ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласаи Раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи […]


Боздиди собиқ Раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ аз бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, ки вазифаи муқаддаси давлат аст, риоя ва ҳифз менамояд. Баробарии дигари шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам […]


Маҷлиси ҳафтаина

Санаи 30 декабри соли 2024 Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатиро оғоз намуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро таъкид намуданд, ки интизоми меҳнатиро ба таври қатъи риоя намуда, ҳамзамон ба мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус дастур доданд, ки кормандоне, ки бо сабаби бемори дар ҷойи кор ҳузур надоштанд варақаи корношоямии пешниҳод намудаи […]


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати […]


Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 28 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»–ро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси […]


Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид. Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 27 масъала қабул намуданд. Зимни муҳокимаи […]


Ҷаласаи Шурои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа гузоришҳо оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ҷамъбасти […]


Иштироки намояндагони Суди Олии иқтисодӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои раисони судҳои олии ИДМ.

Рӯзи 12 декабри соли 2024 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, ҷаласаи якуми Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва ёрдамчии муовин Гулмуродзода А.М. иштирок намудаанд. Ҷаласаи мазкур бо иштироки намояндагони ҳокимияти судӣ аз […]


Маҷлиси ҳафтаина

16 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ зери роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодӣ сараввал ба интизомӣ меҳнатии кормандон диққат дода, сипас ба муовинони Раис дастур доданд, ки бо раисони Судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар тамос шуда, бо мақсади бо […]