More from: Хабарҳо

Cафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон сафар карданд. Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳури хабар дод, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]


Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинону ноҳияи Дарвоз

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз мо ба диёри мардуми равшанзамир, шоирону ҳунармандони номдор, мутрибону ҳофизони соҳибмақому соҳибмактаб ва сокинони соҳибмаърифати ноҳияи Дарвоз омада, дар қадами аввал аз истиқболи самимӣ ва суннати хоси меҳмоннавозиатон хеле хушҳол гардидем. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз ҳатто дар лаҳзаҳои душвор низ яке аз хислатҳои қадимаву писандидаи халқамон, яъне […]


Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зимни ба истифода додани мактаби №1, қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб–Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Вохӯрии имрӯзаи  мо бо шумо, сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати оғози фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Навобод, инчунин, ифтитоҳи шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб, ки маросими он баъди мулоқот бо шумо […]


Cафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон

Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф орваданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам […]


Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд иттиллоъ дод Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли […]


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихору самимият тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр – шаҳри Душанбе ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон — бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям. Истиқлолият ва озодӣ […]


Паёми телевизионӣ Пешвои миллат ба муносибати 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам. Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи […]


Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС

Имрӯз дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд. Чи тавре, ки  Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад,  дар кори он ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти […]