More from: Хабарҳо

Раҳматнома аз ҷониби саҳмдорони Хоҷагии деҳқони “Баҳодур”-и ноҳияи Шаҳринав

Дар санаи 28 сентябри соли 2017 аз ҷониби як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Баҳодур”-и ноҳияи Шаҳринав ба унвони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳматнома ба судя Мирзозода Парвиз, ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст. “Шумо ба Конститутсия такя карда ҳуқуқу озодиҳои аъзоёни хоҷагии деҳқонии моро ҳимоя намуда, адолати судиро барқарор намудед. Имрӯз мо […]


Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз! Падару модарон ва ҳозирини гиромӣ! Пеш аз ҳама, кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла шумо, устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, яъне ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, бароятон […]


Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Кишвар хабар медиҳад, дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар […]


Сафари кории Пешвои Миллат ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дар Хоҷагии фермерии “Асадулло”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии Президенти кишвар. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати […]


Баргузории мизи мудаввар вобаста ба таҷлили рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар эҳёи миллат» […]


Семинари дахлдор “Доир ба қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳо”

Санаи 28 сентябри соли 2017 дар маркази омӯзишӣ ва таълимии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон семинари дахлдор “Доир ба қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳо” бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ (ташкилотҳои маблағгузори хурд ва бонкҳои тиҷоратӣ) барпо шуд. Дар рафти он бобати масоилидар боло номбаршуда судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Парвиз дар мавзӯи […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чуноне, ки Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон […]


Мизи мудаввар дар мазӯи “Медиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: актуализатсияи мавзуъ ва роҳҳои ҳал”

27 сентябр дар толори конфронси меҳмонхонаи “Серена”-и ш. Душанбе Мизи мудаввар дар мавзӯи “Медиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: актуализатсияи мавзуъ ва роҳҳои ҳал” баргузор гардид. Ташкилкунандагони чорабинӣ Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) ва палати савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) мебошад. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҶТ, […]