More from: Хабарҳо

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ

6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 – юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон […]


Табрикот

Ҳамватанони азиз! Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикисон Шумоёнро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд,


Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург […]


Шанбегӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд ва сазовор гузаронидани ҷашни Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона  иштирок намуда, гирду атрофи бино, даромадгоҳ,  бойгонии суд ва ҳуҷраҳои кориро тоза намуданд. Инчунин заминҳои гирду атрофи […]


Мизи мудаввар ба муносибати ҷашнгирии 23 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 2 нобяри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашнгирии 23 солагии Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ» мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудавварро  Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода М.С., […]


Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

02.11.2017, шаҳри Душанбе Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Сафари расмии муҳтарам Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаамон рӯйдоди муҳим мебошад. Натиҷаҳои он бори дигар азми ҷонибҳои роҳбарияти ду давлатро дар такони нав бахшидани ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунанд. Дар доираи муколамаи сиёсиамон мо вазъ ва дурнамои маҷмӯи тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ […]


Оғози сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон

2 ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Чи таве, ки Хадамати матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои […]


Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад

Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон […]