Боҷи давлатӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  “ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ

 Моддаи 4. Андозаи боҷи давлатњ

Банди 3. Аз аризаҳои даъвоги, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлати ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулки – 2 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвоги оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо – андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) аз аризаҳои даъвоги дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлати:

барои шахсони воқеи – ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои шахсони ҳуқуқи – ба андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулки надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳо дар шакли асл – ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди:

барои шахсони ҳуқуқи – ба андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои соҳибкорони инфироди – ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқи доранд – ба андозаи секаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамоянд, ки мутобиқи андозаи боҷи давлати, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулки пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулки – тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки аз андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;

8) аз шикоятҳои апеллятсиони, кассатсиони ва назорати нисбати ҳалнома ва карорҳои суди иқтисоди ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе барраси мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои суди, рад кардан ва додани варақаи иҷро – 50 % аз андозаи боҷи давлати, ки ҳангоми додани аризаи даъвоги ситонида мешавад.

ИҚТИБОС АЗ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019

 Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Аз 1 январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 55 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
                              Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2018, № 1553