Таърихи СОИ ҶТ

Ташкилёбӣ ва фаъолияти Судҳои Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайдо шудани судҳои иқтисодӣ – ин натиҷаи мустақим ва қонунии (табии) ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва системаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вайроншавии тез, қариб барқвори иқтисодиёти нақшавии ба моликияти давлатӣ асос шуда, аз як тараф, зарурати муҳими бурдани баррасии судии баҳсҳо ва муноқишаҳои иқтисодии иқтисоди бозоргонии ташкил ёфта истодаро, ки аллакай ба моликияти омехта, аз он ҷумла моликияти хусусӣ низ асос шуда буд, ба вуҷуд овард, аз дигар тараф бошад, арбитражи давлатӣ ва идоравиро бек ор гузошт.

Роҳи баромад дар он дида шуд, ки арбитражи давлатӣ, инчунин идоравӣ низ барҳам дода шуда, дар базаи кадрӣ ва моддии онҳо системаи ягона ва томи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Инкишофи системаи судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тағйир додани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва аз он ба судҳои иқтисодӣ анҷом ёфт, раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро инъикос менамояд. Таърих дар бораи муносибати гуногуни ҳалли баҳси байни субъектони фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.

То соли 1931 баҳси байни корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз тарафи комиссияҳои арбитражӣ ҳал карда мешуд, ки бо қарори КИМ ва СКХ СССР ташкил карда шуда фаъолияташон асосан бо Низомномаи Комиссияи арбитражии назди Совети меҳнат ва мудофиаи СССР аз 6 майи соли 1924 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешуд.

Комиссияҳои арбитражӣ парвандаҳоро дар ҳайати се аъзо бо иштироки ҳатмии ҳуқуқшинос ва корманди роҳбарикунандаи хоҷагидор баррасӣ мекарданд. Парвандаҳо аз рӯи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси мурофиавии гражданӣ ба истиснои баъзе қоидаҳое, ки аз хусусияти комиссияҳои арбитражӣ бармеоянд, баррасӣ карда мешуданд.

Инкишофи арбитраж ба ҷорӣ намудани муносибатҳои ҳисоби хоҷагӣ ва ба расмият даровардани алоқаҳои хоҷагидорӣ дар асоси шартномавӣ алоқаманд аст. Бо қарорҳои КИМ ва СКХ СССР, ки моҳи марти соли 1931 қабул шуданд, ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ ва кооперативӣ, корхонаҳо вазифадор буданд, ки муносибатҳои ҳамдигариашонро оиди маҳсулотсупорӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ бо бастани шартномаҳо ба расмият дароранд ва барои иҷро накардани онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонун ҷавобгар бошанд.

Дар моҳи майи соли 1931 дар системаи мақомотҳои идоракунии давлатӣ арбитражи давлатӣ ташкил карда шуд, ки барои ҳал намудани баҳси амволии байни муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои хоҷагии сотсиалистӣ дар самти мустаҳкам намудани интизоми шартномавию нақшавӣ ва ҳисоби хоҷагӣ равона карда шуда буд. Низомномаи аввалин дар бораи арбитражи давлатӣ бо Қарори КИМ ва СКХ СССР аз 3 майи соли 1931 тасдиқ шуд.

Аз лаҳзаи ташкилшавиаш арбитраж дар ду намуд – давлатӣ ва идоравӣ амал мекард. Дар арбитражи давлатӣ баҳси байни корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеияти гуногуни маъмурӣ, дар арбитражи идоравӣ бошад баҳси байни корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи як идора (вазорат, кумита ва ғ.) ҳал карда мешуданд.

Дар таърихи шастсолаи мавҷудияти арбитражи давлатӣ (аз моҳи майи соли 1931 то моҳи марти соли 1992) аз тарафи давлат чанд маротиба кӯшиши навсозии сохтор ва фаъолияти он, мувофиқа намудан ба шароитҳои иқтисодии тағйирёбанда, баланд бардоштани нақши он дар хоҷагии халқ карда мешуд. Ба зиммаи арбитраж вазифаҳои нав ба нав гузошта мешуданд. Дар соли 1960 Совети Вазирони СССР Низомнома дар бораи Арбитражи давлатӣ аз соли 1931-ро бекор кард ва Низомномаи навро дар бораи Арбитражи давлатии назди Совети Вазирони СССР тасдиқ кард.

Дар моҳи августи соли 1970 Совети Вазирони СССР қарор “Дар бораи баланд бардоштани нақши мақомотҳои Арбитражи давлатӣ ва арбитражи вазоратҳою идораҳо дар хоҷагии халқ”-ро қабул кард, ки мувофиқи он арбитраж бояд ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, такмили алоқаҳои хоҷагидорӣ, мустаҳкам намудани нақши шартномаҳо дар муносибатҳои хоҷагидорӣ кӯмак мекард.

То соли 1974 арбитражҳои поёнӣ ба арбитражҳои болоӣ итоат намекарданд, балки дар назди мақомотҳои иҷроия буданд, яъне система бе тобеият буд. 17 январи соли 1974 Арбитражи давлатии СССР ба мақоми иттифоқӣ-республикавӣ табдил дода шуд ва Низомномаи нав дар бораи Арбитражи давлатии назди Совети Вазирони СССР тасдиқ карда шуд.

Давраи охирини инкишофи арбитражи давлатӣ бо қабул намудани қонунгузорӣ дар бораи он баъди қабули Конститутсияи СССР соли 1977 алоқаманд аст. Арбитраж мақоми давлатӣ эътироф мешуд, ки мақоми он бо Конститутсияи СССР муайян карда шуда буд.

Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомотҳои арбитражи давлатӣ аввалин маротиба дар Қонун “Дар бораи арбитражи давлатӣ дар СССР”, ки аз тарафи Совети Олии СССР 30 ноябри соли 1979 қабул шуд, сабт ёфт. Дар асоси ин қонунгузорӣ Низомнома дар бораи Арбитражи давлатии назди Совети Вазирони СССР ва қоидаи баррасии баҳсҳои хоҷагӣ аз тарафи арбитражҳои давлатӣ қабул шуда буданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи давлатӣ дар фаъолияти худ Низомнома дар бораи мақомотҳои Арбитражи давлатиро, ки бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, ба роҳбарӣ мегирифт.

Баъди соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ислоҳоти асосии иқтисодиёт ба амал омада, шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд. Ҷои муносибатҳои амудии идоракуниро алоқаҳои мӯътадили уфуқии хоҷагидорӣ ва мубодилаи молию пулӣ гирифт. Ҷои нақшаро шартнома ишғол намуд, аз тарафи давлат мустақиман идоракунии марказонидашудаи иқтисодиёт ба танзими қонунгузории иқтисодиёт иваз шуд. Меъёрҳои ҳуқуқие, ки пеш фаъолияти арбитражӣ ва тартиби ҳал намудани баҳсҳои хоҷагидориро ба тартиб меандохтанд, ба таври пурра ба шароити нав номутобиқ шуда монданд. Вобаста ба роҳи муносибати бозоргониро интихоб намудани ҷумҳурӣ муносибатҳои дигар ба шаклҳо ва методҳои фаъолият, баланд бардоштани нақши арбитраж, васеъкунии салоҳияти ӯ, баланд бардоштани обрӯи он зарур шуда монд. Аз ин рӯ, 10 марти соли 1992 Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки дар онҳо ба ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақом, фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ алоқаманд, тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ низ инъикоси худро ёфтанд.

Қонун мақомотҳои арбитражиро ба додгоҳҳои ҳакамӣ – мақомотҳои юрисдиксионии мустақил, соҳибихтиёр, ки қобилияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони хоҷагидориро сарфи назар аз шакли моликият доранд, табдил дод. Қабули қонунҳои дар боло зикргардида маънои ивази оддии арбитражҳоро ба судҳои иқтисодӣ надошт. Ин қадами дарк кардашуда ва асоснок карда шудаи давлат оиди ташкили шохаи мустақили ҳокимияти судӣ буд. Чунин қадам пешакӣ барои бо шароитҳои нави иқтисодӣ муайян карда шуда буд, ки дар онҳо танзимгари асосии муносибатҳои иқтисодӣ қонун ва шартнома мешуданд. Бинобар ин, зарурати ташкили судҳое лозим буд, ки бо баҳисобгирии таҷрибаи мусбии андухтаи арбитражҳои давлатӣ, дар асоси қатъии мурофиавӣ баҳси шарикони корчаллон, инчунин баҳси корчаллонҳоро бо мақомотҳои давлатӣ ҳал мекарданд, зимнан ба тарафҳои баҳскунанда имкониятҳои баробари ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта медод. Якчанд вақт баъдтар додгоҳҳои ҳакамӣ ба судҳои иқтисодӣ табдил дода шуданд. Мақоми онҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, баён ёфтааст.

Дар ин шароит танзимкунандаи асосии муносибати моликият, истеҳсолот ва мубодилаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи маҳсулоту молҳо қонун ва шартнома дар ягонагии онҳо ва алоқаҳои байниҳамдигарии бозоргонӣ мешаванд. Маҳз бо ташкил ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ талабот ба ташкилкунии системаи судии мустақил, ки махсус барои баррасӣ намудани баҳсҳои иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидорӣ мувофиқ гардонида шудаанд, ба миён омад.

Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995 ба кор карда баромадан ва қабули ду санади нав: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонд, ки асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ гаштанд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои комили пурраи ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузоштанд.

Идомаи такмили қонунгузории низоми судии кишвар соли 2001 ба қабули Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистион “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар кори мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, дар тамоми давраи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус медиҳанд. Дар ин бора он далел низ шаҳодат медиҳад, ки дар давоми солҳои охир силсилаи санадҳое ба тасвиб расиданд, ки онҳо ба мустаҳкам намудани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.

Ҳанӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 қайд карда шуда буд, ки “яке аз омилҳои муҳими таъмини афзои босуботи ҷомеа таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад”. Илова бар ин тадбирҳои то имрӯз андешидашуда, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки дар он роҳҳо ва мӯҳлатҳои мушаххаси таҳким ва рушди минбаъдаи мақомоти судӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат ва расидан ба мақсадҳои ниҳоие мебошад, ки дар назди худ гузоштаем».

Дар ин асос бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд, ки тадбирҳои мушаххас бобати амалӣ намудани ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Ин Барнома бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат қабул шудааст.

Мутобиқи талаботи Барномаи мазкур истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Шӯрои адлия ва судҳои ҷумҳурӣ ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 20 марти соли 2008 аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расида, аз 1 апрели ҳамон сол мавриди амал қарор гирифт.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, ҷиҳати дар низоми судии кишвар ворид намудани ниҳоди нав – «коромӯз-судя» ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Вобаста ба такмили қонунгузории низоми судҳои иқтисодӣ дар санаи 5 январи соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ» қабул карда шуд, ки мутобиқи он, Кодекси мазкур аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дода шуд.

Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи суди иқтисодӣ, зиёд намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, баланд бардоштани нақши судҳоро дар мавриди ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини бемайлони мустақилияти судяҳоро пешбинӣ намудааст.

Дар шароити кунун мувофиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои марҳилаҳои гуногун мебошад.