Пешвои миллат – бунёдгузори забони ноби тоҷикӣ

“Умри миллат ба умри забон вобаста аст”
Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикӣ барои ҳар як фарди Тоҷикистон чун таҷассумгари таърихи гузашта, нишондиҳандаи мероси гаронбаҳои маънавии ниёгон ба шумор меравад. Ин забони ширину шоирона таърихи панҷҳазорсола дошта, ба қатори забонҳои қадимаи ҷаҳон ворид мешавад.  Аз замонҳои қадим, ба ин забони беолоишу шоиронаамон фарзандони ҷоннисори миллати тоҷик баҳри фурӯзон шудани забони тоҷикӣ, шаҳду лаззат гирифтанаш ҳамеша саъю кӯшиш намуда, асарҳои оламшумул ба майдон гузоштаанд, ки номи тоҷиконро бо забони ноби тоҷикӣ ба тамоми мардуми сайёраи Замин муаррифӣ намудаанд.

Дар замони  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дубора барқарор намудани забони тоҷикӣ ва рушду инкишофи он саҳми фарзанди фарзонаи миллат, бахусус, сарвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоён мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш барои рушди забони тоҷикӣ, пайдо намудани мақоми волои он дар ҷомеаву давлат кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додааст. Сарвари давлат забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифз намудани он ҳамчун арзиши миллӣ талошҳо зиёд варзидааст.

Бахусус, Президенти кишвар аз давраи пурталотуми ҷанги шаҳрвандӣ сиёсати созандаи забонро моҳирона амалӣ  намуда, оид ба гиромидошт ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳимро қабул карданд. Дар соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расиданд. Инчунин, соли 1998 бо Қарори Ҳукумати кишвар Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид, ки ин ҳама дар натиҷаи хизматҳои шоёни Сарвари давлат ба даст омадаанд. Маҳз дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумат соли 2008-ро соли “Забони тоҷикӣ” эълон доштанд ва ин иқдоми назаррас барои боло бардоштани мақоми забон, рушд ёфтани он дар тамоми гӯшаҳои гуногуни кишвар нақши боризи худро гузошт. Хизматҳои Роҳбари давлат дар самти забон бесарҳад аст. Чунки ӯ тавонист баъди чандин ҳазор сол ин забони шевои шоиронаро аз нав зиндаву барқарор гардонад. Роҳбари кишвар бо сиёсати хирадмандони худ 5- уми октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо гузоштанд. Ин ҳодисаи фаромӯшнашавандае буд, ки марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 22 июли соли 1989 қабул гардида буд, бо тағйиротҳо ҷамъбаст намуд. Қонуни нав қабулгардида аз қонуни соқитшудаи Шӯравӣ тафовути зиёдеро дар худ инъикос кардааст. Махсусан, дар моддаи 5-и Қонуни мазкур омадааст: “Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.” Ин модда дар қабули Қонуни нав ҷорӣ карда шудааст, ки самти таҷзияи ҳокимияти кишварро ба танзим медарорад ва дастоварди азими ин соҳа низ маҳсуб меёбад.

Имрӯз асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд. Бояд мо, барои ривоҷу равнақ додани забони давлатии хеш саҳми арзандаи худро ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузорем. Зеро аз минбари ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бо ин забони шевои ширину шоирона сухан ронда, забони моро дар сартосари ҷаҳон муаррифӣ намуданд, ки ин кори саҳлу осон набуд.

Маҳз барои аз худ намудани фасоҳату балоғат ва аз таъриху тамаддуни забон огаҳ шудани мардуми кишвар, роҳбари давлат китоби худро бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” соли 2016 дар ҳаҷми калони зиёда аз 500 саҳифа ба табъ расониданд. Инчунин, вобаста ба забон китоби дигаре бо номи “Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон” бо мураттибии Зафар Шералӣ аз чоп баромадааст. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати шаҳрвандиву фарзандии худро дар кишвар иҷро карданд ва барои забони тоҷикӣ табдил додани забони модарии мо хизмати бесобиқае анҷом доданд.

Қаландарзода Мансур,

судяи Суди Олии иқтисодии ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу