Боздид аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Спитамен

Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бо иштирок раиси нохия муовини аввал ва раиси ҳавзаҳои интихоботӣ аз омодагии учаскаҳои интихоботи дар ноҳия дидан намуданд.

Дар ноҳияи Спитамен аз тарафи Ҳавзаи интихоботии №41 35 участка барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Ин участкаҳо дар 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил гардида, барои баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода мебошанд.

Дар ноҳия имрӯзҳо баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ҷараён дошта, корхои фахмонида дихии гузаронида мешавад
Кайн намудан ба маврид аст, ки участкаҳои интихоботии ноҳия барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода буда, дар ин ҷойҳо барои пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ҳамкорӣ бо сохторҳои тандурустии шаҳр пайваста корҳои тозакунӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ширкати фаъоли овоздиҳандагон ва пайдо намудани иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохилу беруни биноҳои комиссияи ҳавзавии интихоботу участкаҳои интихоботии ноҳия шиору овезаҳои зиёд насб шудаанд. Ҳамарӯза миёни аъзои комиссияи интихоботӣ ва раъйдиҳандагон оид ба принсипҳои асосии интихобот ва тарзи овоздиҳӣ суҳбатҳо доир мешаванд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу