Машғулияти семинарии судяҳо

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ҷалб карда мешаванд.

Дар семинари машғулияти, ки бо судяҳо баргузор гардид, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б. Р. дар мавзӯи “Истеҳсолоти парвандаҳо оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ, парвандаҳое, ки бо иштироки шахсони хориҷӣ баррасӣ мешаванд” баромад намуда, ҳангоми маърӯза кардан қайд карда шуд, ки дар бораи боби 28, 30-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи истеҳсолоти парвандаҳои оид ба эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ, парвандаҳое, ки бо иштироки шахсони хориҷӣ баррасӣ мешаванд ва тартиби иҷрои супоришҳои судӣ бахшида шудааст. Бобҳои мазкур моддаҳои 220-225 ва 232-235-ро дар бар мегирад.

Зикр карда шуд, ки таҳти мафҳуми судҳои хориҷӣ  мақомоти дигар давлатҳо,  ки ҳокимияти судиро амалӣ менамоянд ва таҳти арбитражҳои  хориҷӣ  бошад – судҳои ҳакамӣ,  яъне мақомоти  ғайридавлатии  дар  дигар  давлатҳо  доимоамалкунанда  (масалан, Институти арбитражи назди Палатаи савдои Стокголм ва диг.) ё барои баррасии парвандаи  мушаххае  ташкил  кардашуда,  фаҳмида  мешавад.

Наимзода Б. Р. дар маърӯзаи худ зикр кард, ки дар  доираи  Иттиҳоди давлатҳои мустақил  уҳдадориҳои  Тоҷикистон оид  ба  эътироф  ва иҷро кардани ҳалномаҳои эътибори қонунӣ пайдо кардаи судҳои салоҳиятдор бо Созишнома дар  бораи  тартиби  ҳал  намудани  баҳсҳои вобаста  ба  амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ, ки дар шаҳри Киев санаи 20 марти соли 1992 баста шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он имзо гузоштааст, ба танзим дароварда мешавад.

Қайд гардид, ки парвандаҳое, ки бо иштироки шахсони хориҷӣ баррасӣ мешаванд, тибқи боби 30 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Тибқи моддаи 232 Кодекс, парвандахо бо иштироки шахсони хориҷӣ аз тарафи суди иқтисодӣ аз рўи қоидахои Кодекси мазкур бо хусусиятхои пешбининамудаи боби мазкур баррасӣ мегардад, агар санадхои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Зикр карда шудааст, ки дар моддаи 234 боби мазкур масъалаи эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатҳои хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд ҳалли худро ёфта, тибқи он ҳуҷҷатхое, ки мақомоти салохиятдори давлатхои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида берун аз худуди Ҷумхурии Тоҷикистон мувофиқи қонунхои давлатхои хориҷӣ ба шахрвандон ва ташкилотхои Ҷумхурии Тоҷикистон ё шахсони хориҷӣ додаанд, тахия ё тасдиқ намудаанд, агар дар қонунхо ё санадхои хуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҷониби судхои иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон хангоми мавҷудияти апостил ё барасмиятдарории консулӣ  қабул карда мешаванд. Хуҷҷатхои ба забони хориҷӣ тахияшуда ба судхои иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон бояд бо тарҷума ба забони давлатӣ, ки ба таври нотариалӣ  тасдиқ гардидааст, пешниход карда шаванд. Гузоштани апостил ё тасдиқи (легализатсияи) хуҷҷате, ки аз ҷониби    шахси хориҷӣ ба суди иқтисодӣ пешниход карда мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян карда мешавад.

Қайд менамоем, ки машғулиятҳои семинарӣ тибқи Нақшаи гузаронидани машғулияти семинари бо судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2020 ба роҳ монда шуда он бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар алоҳидагӣ баргузор мегардад,

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу