Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Субҳи имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода иштирок намуда, ҳозирин ва кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки истиқлолият дастоварди олии миллати  тоҷик  маҳсуб ёфта, пешрафту рушди кишвар аз самараи ин неъмати бебаҳост.

Ба як қатор фаъолонаи ноҳия,Одилова Ӯғилҷон, мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен, Аҳмадбоев Ӯктам, мудири шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи марказии ноҳия ва Соҳибов Ғаффорҷон, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Куркат – 2015» барои саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногун Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Ҳамчунин, барои дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ба муносибати 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси ноҳияи Спитамен аз 2 сентябри соли 2020, таҳти №535 29 нафар фаъолон, ҷавонон, занон ва намояндагони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен қадр шуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Спитамен

 

Напечатать страницу Напечатать страницу