Аёдати кудакону ятимон дар арафаи ҷашни Истиқлолият

Имрӯзҳо дастгири намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон, ин нишони дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.

Ғамхори  дар хотири ятимону  маъюбон ва оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати  иҷтимоии роҳбарияти  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи  самтҳои  муҳим буда, дар тамоми  қаламрави   мамлакат  ин табақаи зикршудаи  аҳолӣ  аз ҳар  як  иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона  инсондӯстонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   баҳраманд мегарданд.

Санаи 7 сентябри соли равон дар доираи таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, тарбиятгирандагони интернати наздимактабии ноҳияро аёдатнамуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ тарбиятгирандагони ин боргоҳро мазкурро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тамоми мактаб-интернатҳои кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Қайд бояд кард, ки аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба 22 нафар тарбиятгирандагон либосҳои зимистона, инчунин китобҳои бадеӣ ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маводҳои безараргардонӣ ба монанди антисептик, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо тақдим намуданд.

Ҳамчунин дар арафаи ҷашнгири аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аёдат ба Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1”-и Раёсати тандурустиии шаҳри Душанбе  ташриф оварда ба тарбиятгирандагон кумаки моли аз қабили хурокҳои кудакона ва маводҳои гигении кудакона тақдим намуданд.

 

Маркази матбуотии СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу