Самараи Истиқлолият дар такмили низоми судӣ

«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Э. Раҳмон

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми  августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дуюм) қабул шудааст. Дар моддаи якуми Эъломия чунин нигошта шудааст: “Истиқлолияти давлатӣ – ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ”. Ин Эъломия қадами ҷиддӣ ва боварибахше ба сӯи истиқлолияти комил буд.

Сипас, 9-уми  сентябри 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар қабул гардид, ки он ҳамчун рӯйдоди бузурги таърихӣ арзёбӣ гардида, дар қисмати миллати мо гардиши куллиеро ба амал овардааст. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҳамчун иди муқаддас ҷашн гирифта мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву суботро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Миллати озодманиши тоҷик ин навиди шодиоварро бо камоли фараҳу хушнудӣ пазируфт ва акнун, дар шароити мустақилият ба зиндагию заҳмати осоишта оғоз кард.

Аз лаҳзаи ба даст омадани Истиқлолияти давлатии кишварамон муҳлати начандон зиёде гузашта бошад ҳам, онро аллакай дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ  хеле бузург аст, ки маҳз бо амал ва ташаббусҳои созандаашон тавонистанд Тоҷикистони азизро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Сохтмон ва ба истифода додани макотибу коргоҳҳо, бунёди нақбҳову неругоҳҳо, аз ҷумла НБО “Роғун”, ки аллакай, ду чархаи он ба кор андохта шудаанд, аҳли оламро ба ҳайрат овардааст. Ин ҳама меваҳои шаҳдбори Истиқлолият мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, чунин мақом дар Конститутсияи давлатамон ба таври дақиқ дарҷ ёфтааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳз дар даврони Истиқлолият дар баробари дигар дастовардҳо, низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушд ёфта, аз ҷониби сарвари давлат Барномаи ислоҳоти судии кишвар қабул гардидааст, ки он чаҳор маротиба такмил дода шудааст.

Дар ин барномаҳо асосан масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушд ва такмил додани қонунгузории соҳа ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Такмили қонунгузорӣ марбут ба фаъолияти судӣ аз замони расидан ба Истиқлолият ибтидо гирифта, то ба имрӯз дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ қонунҳои нав қабул гардиданд, ки дар онҳо эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад. Боиси тазаккур аст, ки дар низоми судии кишвар судҳои иқтисодӣ зодаи даврони истиқлолият буда, онҳо бомуваффақият фаъолият намуда, баҳри тантана намудани адолати судии кишвар нақши худро гузоштаанд. Судҳои иқтисодӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии субектҳои хоҷагидорӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарор гирифта ва манфиатҳои қонунии давлат, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ адолати судиро татбиқ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кори бисёр душвору заҳматталаб буда, ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар мебошад. Аз ин лиҳоз, ба ҳар яки мо зарур аст, ки ба қадри Истиқлолият бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Воқеан бадастовардани Истиқлолияти давлатӣ дар такмили низоми судӣ такони ҷиддӣ бахшид, ки дар натиҷа судҳо дар ҷумҳурӣ ҳамчун шохаи мустақими ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилоту давлатро бо роҳи ба амал баровардани адолати иҷтимои ҳифз менамояд.

Ҳусейнзода Фируза- Сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу