29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Имсол дар саросари кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикмстон ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, калимае, ки вуҷуди миллату давлатро чун номуси ватандориву ватанпарварӣ тарбия намуда, мардумро ба ягонагиву сулҳу субот ва давлатро ба мустақилият аз дигар давлатҳо мубаддал мегардонад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, бо шарофати Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон марде, ки барои халқаш ҷонашро дар хатар гузошт, марде, ки мардумро барои сулҳ бастан сарҷамъ кард, марде, ки халқро аз гуруснагиву ҷангу ҷидол раҳо баст ва давлати тоҷиконро бо роҳи сулҳу субот дубора сохт, давлати мо дар қатори дигар давлатҳои дунё обруву нуфуз пайдо кард.

Таърихи сиёсии мамлакатҳои ҷаҳон борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил буда, ҳар як марҳалаи рушди он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд ором ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён ёфта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаьдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории худ бенасиб гардида, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд, зеро натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барон пойдории онҳо фароҳам овардашуда буд, мақсаднок истифода баранд.

Дар ин радиф тоҷикон, хушбахтона, аз ҷумлаи он миллатҳое мебошанд, ки тавонистанд ин имконияти таърихиро сазовор истифода баранд ва соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гарданд.

Халқи Тоҷикистон бо иродаи қавӣ, рӯҳияи шикастнопазир тавонистанд баҳри устувории истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намуда, давлати навини ҷавони тоҷикро аз хатари нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», роҳандозӣ кунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст ва дар сиёсати хориҷии худ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чандин пешниҳодҳои глобалии он далели возеҳи ин гуфтаҳост. Тибқи андешаи мантиқии Пешвои миллат, «Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид».

Дар зарфи 29-соле, ки тоҷикон бо давлати мустақилашон зистанд, сиёсату иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ ба таври мусбӣ табдил дода шуд, аз ҷумла кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати таринзитӣ ба давлати саноатикунонӣ табдил дода шуд, ба яке аз ҳадафҳои стратегиамон ба даст овардани Истикдолияти энергетикӣ ноил гаштем, ки ин ҳама бо шарофату дастгириҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бигузор, Ҷашни истиқлолият ба кишвари мо шукуфои ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирузии комил оварад.

Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ

Самадзода Бахтиёр Қурбонхон

Напечатать страницу Напечатать страницу