Фаъолияти мо бояд фарогир ва муассир бошад.

Тавре огоҳ ҳастем дар остонаи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз ҷашнҳои ормонии худ, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст, қарор дорем.

Барои ҳар яки мо холисона таҳлил намудани ин нуқта муҳим аст, ки дар солҳои нахустини истиқлолияти миллӣ дар кадом вазъ қарор доштем ва имрўз ба кадом сатҳ расидем.

Роҳи паймудаи мо сода ва ҳамвор набуд.

Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зина ба зина мушкилоти сангинеро, ки ба истиқлолияти миллии мо таҳдид менамуд, бартараф карда, ба орзую ормонҳои ҳазорсолаи миллат, яъне бунёди як давлати соҳибистиқлол, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, расидем.

Агар мо даврони истиқлолиятро ба марҳилаҳо қисмат кунем, ба дурустӣ дарк хоҳем кард, ки барои расидан ба рушди устувори имрўзаи кишвар, мо марҳилаҳои аз хатари маҳвшавӣ наҷот додан ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, безарар гардонидани гуруҳҳои мусаллаҳ, ба ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезагон, паст кардани шиддати терроризм, фароҳам сохтани фазои ором ва таъмини амнияти ҷомеа, бунёди инфрасохтору иншоотҳои бузурги асрро паси сар намудем.

Дар давраи истиқлолият дар кишвари мо корҳои бузургеба сомон расидаанд ва бунёди босуръати онҳо идома ёфта истодаанд, ки дар муқоиса бо даврони Иттиҳоди Шўравӣ, ки имконоти хеле густурда дошт, анҷом додани он ба осонӣ муяссарнамешуд.

Моро зарурате пеш омад, ки бо истифода аз имкониятҳои маҳдуди худ иншооти ҳаётан муҳими индустриалиро, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии рўзгори мардум мусоидат менамоянд, бунёд кунем.

Бегиҷонзода Мирзоҷон – мутахассиси пешбари бахши кадрҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу