Табрикоти судяи Суди иқтисодии ВМКБ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Сараввал Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Судяи Суди иқтисодии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, Қурбоншоҳзода Нозигул Мастоншоҳро ба муносибати ноил гардидан ба медали “Хизмати шоиста”, ки ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд, табрику таҳният гуфтанд.

Баъдан мукофоти давлатӣ аз ҷониби Зариф Ализода ба номбурда тантанавор супорида шуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди нақши мақомоти судӣ ҳангоми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ сухан намуда, кулли кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузурги миллӣ муборакбод намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба ин рӯзи муробак табрик гуфта, ба хонадони кулли сокинони кишвари маҳбубамон саодати хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва Истиқлолияти давлатии ҷовидонӣ орзу намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу