Ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

Cанаи 25 августи соли 2020 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикстон  баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Фаъолияти Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию  методӣ  оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз 27 ноябри 2019, №599 ба роҳ монда шудааст.

Шӯрои ҳамоҳангсози мақоми машваратии байниидоравӣ буда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори оммаро  оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мутобиқ менамояд.

Дар ҷаласаи шӯро масъалаҳои зерин баррасї гардиданд:

  1. Тасдиқи низомномаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Оид ба баромади аъзои шӯро дар телевизион ва радио вобаста ба масъалаҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» аз 26 декабри соли 2019 бармеоянд;
  3. Оид ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ;
  4. Оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳои аҳолинишин вобаста ба моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу