Машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ҷалб карда мешаванд.

Дар семинари машғулияти, ки бо судяҳо баргузор гардид, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин  Азизӣ дар мавзӯи “Тобеияти идоравии парвандаҳо дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, тартиб ва хусусияти хоси баррасии онҳо (эътирофи ҳуқуқи моликият) ва Судяи Суди Олии иқтисодӣ Камолзода Р. дар мавзӯи   “Мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 18 октябри соли 2019 “Оид ба таҷрибаи татбиқи қонунгузорие, ки тартиби ситонидани хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ ба танзим медароранд”: тартиби пардохт ва андозаи боҷи давлатй барои муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ, инчунин ҳалли масъалаи баргардонидан ва тақсими боҷи давлатӣ зимни қабули санади судӣ” баромад намуда мавзӯҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин муҳокимаи сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ (ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ) ба роҳ монда шуд.

Семинари машғулиятии кормандони дастгоҳ бо иштироки Сардори Раёсати  Суди Олии иқтисоди Асрорзода Зуҳуриддин, мудири бахши кадрҳо Шарофзода Далер ва кормандон гузаронида шуд, ки дар он доир ба мавзуҳои гуногун мубоҳисаҳо намуданд.

Қайд менамоем, ки машғулиятҳои семинарӣ тибқи Нақшаи гузаронидани машғулияти семинари бо судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2020 ба роҳ монда шуда он бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар алоҳидагӣ баргузор мегардад,

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу