Кумаки моли ба ниёзмандон дар арафаи иди Қурбон

Дар арафаи Иди Қурбон  дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд бо иқдоми дастаҷамъонаи кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ниёзманди суд ёрии моддӣ  аз қабили равғани растани, шакар, биринҷ, сабзи ва пиёз расонида шуд.

Дар маросими супоридани кумакҳо Раиси Суди Олии иқтисоди муҳтарам Қаландарзода Мавлуда иштирок намуда, кормандонро ба муносибати фарорасии иди Қурбон табрику таҳният намуданд. Ҳамчунин доир ба захира намудани маводи хӯрока дар арафаи тирамоҳу зимистон, пешгири намудани аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар коргоҳ ва хонаву оилаи кормандон ва андешинаи чораҳои пешгири аз онро ба кормандон таъкид намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply