Нишасти матбуотӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26/10-218  аз 22 июни соли 2020 тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ – Шоназаров Содиқ Ашурович, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ иштирок намуданд.

Раиси Суди Одии иқтисодӣ Қаландарзода М. нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, оид ба амалбарории адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 дар судҳои иқтисодӣ  маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ аз дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари мамлакат ба ҳокимияти судӣ руҳбаланд гардида, дар фаъолияти худ муқаррароти аз Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои аз мулоқоти Пешвои миллат бо судяҳои кишвар аз 21 ноябри соли сипарӣ, инчунин зимни суҳбату вохӯриҳои Роҳбари давлат бо судяҳои ҷумҳурӣ бармеомадаро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини қонунияту адолат нимсолаи якуми соли равонро бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуданд.

Баҳри амалигардонии  Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 Барномаву  нақшаи дохилиидоравӣ  тасдиқ гардида, иҷрои он идома дорад.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 идома дошта, марбут ба банди 2-и он ҷиҳати танзими масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаи таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ пешниҳод гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва аз 19 марти соли равон таҳти № 755 мавриди амал қарор дорад.

Айни замон, масоили ба  тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат бо судяҳои ҷумҳурӣ 21 ноябри соли сипарӣ норасогии воҳиди кории котибони маҷлиси судӣ дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ ва бо дастгирии Президенти мамлакат  зиёд кардани воҳидҳои корӣ дар дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ҳал гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020 таҳти №1511 15 адад воҳиди котибони маҷлиси судӣ ҷудо гардид. Айни замон, дар ин самт озмун барои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон эълон карда шудааст.

Ҳамзамон, бобати шафофгардонии фаъолияти судҳо марҳила ба марҳила гузаштан ба ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти судҳои иқтсиодӣ таҳти омӯзиш қарор дорад. Айни ҳол, дар баробари сомонаи Суди Олии иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ сомонаҳои судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳо фаъол буда, оид ба фаъолияти суд иттилоот нашр мегардад.

Татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бо маром дар судҳои иқтисодӣ идома дошта, давраи ҳисоботӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо тариқи симову садо, инчунин зимни вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ дар маҷмуъ 469 (485) маротиба баромадҳо намуда,  дар матбуот 70 (77) ва дар сомонаҳо 67 (46) мақолаҳо доир ба мавзӯъҳои гуногун ба чоп расонидаанд.

Инчунин, бо мақсади беҳгардонии фаъолияти низоми адолати судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо ду мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои иқтисодӣ доир ба мавзӯъҳои актуалӣ, аз ҷумла, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномавӣ омодаву сабт карда ва тавасути телевизиони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин хусус, ба судҳои поёнӣ тавсия дода мешавад, ки бо телевизионҳои маҳаллӣ дар ин ҷода ҳамкорӣ ба роҳ мондан аз манфиат холӣ намебошад, Дар телевизионҳои маҳаллӣ роҳандозӣ намудани намоишномаи “аз толори суд” яке аз роҳҳои дастрас баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум мебошад.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 – 299 (289) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид ва онҳо ҳал гардидаанд. Аз онҳо 114 мактубу дархостҳои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 адад муроҷиати вазорату идораҳо, 11 лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, 25 аризаву дархостҳои дигарро ташкил намуда, 123 (100) аризаву шикоят бевосита ба фаъолияти ба амалбарории адолати судӣ алоқаманд мебошад.

Бобати иҷрои Паёми Сарвари давлат аз 20 апрели соли 2011 аз ҷониби раисони судҳои иқтисодӣ дар рӯзҳои шанбе 181 (113) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул қабул ва арзу шикояти онҳо ҳал карда шудаанд. Инчунин, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ рӯзи 25 январи соли равон ба таври сайёр дар суди иқтисодии вилояти Ҳатлон доир шуда, муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқӣ (12 нафар) шунида, ҳаллу фасл гардиданд.

Роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622, 3 (5) маводи дар воситаҳои ахбори омма ба нашррасида мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ахборот ва ба муаллифону рӯзномаҳо маълумот манзур шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи касбии судяҳо ва таҳлили фаъолияти онҳо аз рӯи Нақшаи Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо охири ҳар моҳ машѓулиятҳои семинарӣ, ҷаласаҳои корӣ баргузор карда мешаванд

Дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба роҳбарӣ гирифта шуда, дар нимсолаи аввали  соли 2020 5 нафар судяҳо дар судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суѓд ротатсия карда шуда, 5 кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, як нафар дар Донишкадаи мазкур ба магистратура интиқол  дода шуд.

Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати иҷрои ин вазифаҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои зеринро ба сомон расониданд.

Аз қабулу ҷамъбаст намудани омор бармеояд, ки нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ  1851 (1660) адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби суди марҳилаи якум бо парвандаҳо 1509 (1481) санадҳои судӣ қабул карда шудааст. Аз ҷумла, 1049 парванда моҳиятан ҳал гардида, доир ба баҳс ҳалномаи судӣ бароварда шуда, бо 56 (66) парванда истеҳсолот қатъ карда шуда, 74 (73) аризаҳо бебаррасӣ мононда, қабули 12 (7) ариза рад ва 318 (317) аризаҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ 207 (178) парванда ва дар марҳилаи назоратӣ 135 (133) парванда баррасӣ гардидаанд.

Тавре таҳлили омор нишон медиҳад, шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 191 (102) адад зиёд гардидааст.

Дар давраи зикршуда ба маблаѓи 339 836 011 (99 461 537) сомонӣ даъво қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблаѓи 1 645 107 (1 925 416) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Ҳамзамон, таҳлилҳои омор собит месозанд, ки дар ин давра ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 1 891 434 (3 658 769) сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида иҷрои санадҳои судӣ ба маблаѓи 39 150 800 (53 527 182) сомонӣ ( зарару қарзҳои кредитӣ ва боҷи давлатӣ) таъмин карда шудааст.

Шумораи 122 (164) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуда, судҳо 129 (130) таъинотҳои хусусӣ бароварда, 12(19) ҷамъбастиҳо гузаронида, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо 8 (20) адад пешниҳодҳо ирсол карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбати давраи ҳисоботии қаблӣ паст буда, то андозае таъсири  паҳншавии бемории COVID-19 низ ҷой дорад.

Мувофиқи Созишнома оид ба тартиби иҷрои мутақобилаи қарорҳои судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ ва иқтисодӣ дар ҳудуди давлатҳои ИДМ аз 6 марти соли 1998 (Тоҷикистон 13 декабри соли 2000 №197 ба тавсиб расонидааст)  6 (10) адад супоришҳои судии аз судҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус воридгардида, иҷро ва посухи дахлдор ирсол карда шудааст. Ҳамзамон судҳои иқтисодӣ рисолати худро бо дар назар доштани он вазифаҳое, ки аз Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои қонунгузорӣ бармеоянд, бобати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва танҳо дар асоси қонун ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо фаъолияти худро тақвият мебахшанд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ  омодагии судҳои иқтисодиро оид ба ҳамкории доимӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳор намуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply