Спитамен: Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020

Имрӯз, 8 июли соли 2020 дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок доштанд.
Ҳамчунин, дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва имомхатибон иштирок намуданд.
Раиси ноҳия тамоми фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 30 юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ бояд тақвият дода шуда, масъулин ва сокинон бо ифтихори баланди ватандустӣ дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Бо вазифагузорӣ ба масъулини сохторҳо маҷлиси ҷамъбастӣ ба анҷом расид.

Leave a Reply