ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ДАВЛАТДОРӢ – Асрорзода З, сардори Раёсати СОИ ҶТ

Инсон аз рӯзе, ки худро ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ, бошуур ва маданӣ шинохт, бешак бақову ҳастӣ, шарти зиндагии осоишта, дастёб шудан ба пешравияшро дар мафҳуми муқаддаси “Ваҳдат” ҷамъбаст намуд.   Ин  вожа инсониятро ба марҳилаи нав раҳнамоӣ кард. Яъне, даврони тодавлатӣ ва бедавлатиҳое, ки ҳукумрон буд, аз набуди ҳамбастагӣ дар умури иҷтимоӣ дарак медод. Маҳз Ваҳдат дар маҷрои таърихи пайдоиши давлат, давлатсозӣ ва кишвардорӣ ҳамроҳ омада, шукуҳу ҷалол ва қудрату нерӯи азимеро ба мардумони он ато намудааст. Миллатҳо ва халқиятҳои барҷаста аз ин арзиш ба таври шоиставу ҳасана истиқбол намуданд. Бебақоӣ ва набуди ғояи умумимардумӣ  дар муқобили ҳамраъйӣ маҳву заволи низомҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо ва давлатдориҳоро ба намоиши таърихӣ гузоштааст. Ва наслҳо бо таассуф ба ин хотироти пурфоҷиаи аҷдодон рӯй меоранд. Тамоми кӯшиши ҳамзамонони чи дирӯзу чи имрӯз дар хиҷолат нагузоштани насли фардост. Фарҳанги баландии сиёсии Пешвои миллат оиди ин гуфтаҳо далели муътамад ҳаст, ки ҳамеша бо таъкидҳои пайваста ёдовар мешаванд, ки коре кунем,  тарзе зиндагӣ кунем, ки ба наслҳои минбаъда як давлати озоду обод ва пешрафта ба мерос гузорем. Маъно ва рисолати ин ҳарфҳо як таъроихи пурифтихорро метавонад дар худ ғунҷонад. Чунин назария яке аз меъёрҳои усулии давлатдорӣ,  мудирияти мардумсолору сулҳмеҳвар унвон шудааст. Барои хиҷолатманд нагаштани насли имрӯзаву фардо  миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳамон асолати воло ва ҳувияти барҷастаи кишварсозӣ аз Ваҳдату амонӣ ҳамеша дифоъ менамуд. Аз улуми сиёсӣ ва инсонӣ маълум ҳаст, ки таърихи давлат ин таърихи ҳифозат намудани Ваҳдат дар ҳудуди он арзёбӣ гардидааст. Агар кашмакашиҳои дохилӣ аланга гирад, гурӯҳҳои худхоҳ ва авомфиреб ба ин оташ равған резанд, низоъҳои қавмию динӣ, нажодӣ, миллӣ қиём кунад, бешак вуҷуди мубораки ҳамбастагӣ ва ҳамдилию иттиҳод рахти ҳиҷрат баста, вайронию сарсонӣ, ранҷурию маҳҷурӣ, хорию зорӣ, селобаи ашку тӯфони ғамон, кошонаи ғурбату ғамкада зуҳур мекунад, ки вазъи кишварҳои оғуштаи хуну хок, вайрониҳои пас аз башартеррор, сарзамини валангори дар вартаи нобудии ҳувияту асолат, кӯдакони бе болу пар, модарони ҷигарчоки дар доғи фарзанд сӯхта, ҷавонмардони ғуррамарг ва садҳои аъмоли шахсияткушу ваҳдатшикан доғи нангини худро бар сафҳаи таърих мегузорад.

Дар ин росто андешаи миллӣ ҳамчун арзиши муқаддас ва тобнок метавонад баромад намояд. Вақте афроди миллат ба дарки тафаккури миллӣ мерасанд, бозгӯи аз як гиребон сар баровардан ва дар кохи бегазанди идораи давлат хишти садоқату ихлос гузоштанро мемонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш иброз намудаанд: «Андешаи миллї барои тањкими вањдати комил ва рушди устувори давлатдорї наќши басо муассир мебозад. Сулолањо, шоњону лашкаркашон меоянду мераванд, низомњои сиёсиву иљтимої дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллї њамчун ганљи бебањо дар масири ин тањаввулот торафт сайќал ёфта, боз њам пурмазмун ва пурљилову тобнок мешавад”. Барои ба қадру манзалати андешаи фарогири миллӣ расидан мо яку якбора ба ин рузҳои хуш нарасидаем. Баъди суқути низоми сотсиалистӣ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари моро беназмию фурсатхоҳӣ ва қудратталабию ҷоҳпарастиҳои афроди фазлфурӯшу виҷдонфурухта  фаро гирифта буд. Яъсу ноумедӣ дар дили мардум ҷойгир шуда буд. Умед ба фардои некро қариб аз даст дода буданд. Таҳлука, таҳдид, иғвоангезиҳо, фитнаҷӯӣ ва манфиатхоҳӣ пеши чашму ақли доираҳои ситезаҷӯ ва ҷудоихоҳро гирифта буд. Дар бовару эътиқоди мардум рахна карда, дини муқаддаси исломро сӯиистифодаи ғаразҳои нопоку зишти худ кардаданд.  Дар пайи ин ҳама изи  ҳизби мамнӯи террористию экстремистии собиқ наҳзати исломӣ ё ба истилоҳ “наҳзатиён”возеҳ намоён ва нақш баста буд. Тамоми далелҳо ва мадракҳои таърихӣ ин воқеиятро исбот карданд. Яъне, вазъият бисёр шадиду сахт буд. . Кишвар  дар инҳисори ҷанг ва мардум дар бунбасти кучаи ҳасрат қарор доштанд. Чашми мардуми хаста аз аз ҷанги бародаркуш ба сӯи баромадани офтоби сулҳу Ваҳдат буд. Муҳоҷирони иҷборие, ки дар марзи хоки Афғонистон панаҳ бурданд ҳамеша ва ҳамеша дар зеҳнашон ҷамлаи “Дар Ватан сулҳ мешуда бошад. Ватанро медида бошем” садо медод. Бисёр дардовар аст, ки ғами беватанӣ вуҷуди касро фаро гирад. Мисли модари фарзандгумкарда чашм ба сӯйи суботи Ватан бошӣ. Хиради азалӣ ва бо таъбири Лоиқи бузургвор  раҳми Парвардигор ва нури Ҳақ бар диёри мо омад. Ва он офтоби оламорои осоишу оромиш оҳиста оҳиста пратави худро дар покмарзи тоҷикон, бар сарзамини ҷафокашидаи мардумони фирефта ба ваъдаҳои дарватанбудаҳои беватан, таҷаллӣ намуд. Худованд дар тақдири ин миллат зуҳури шахсияти ҷавонмард, сарвари матиниродаю сулҳхоҳ, хирадпешаю хирадварзро дар симои раҳбари мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо тӯҳфа намуд. Усули бунёдие, ки ин абармард кор гирифт аз хирад оғоз ёфт. Жан Бартелеми (1716 – 1795), олим ва нависандаи маъруфи франсавиро ба хотир овардан љоиз аст, ки мефармояд: «Хирад – аќли соњибмаърифат мебошад, ки аз зуњурот пардаи дурўѓин берун меоварад ва симои њаќиќии онро дар намоиш мегузорад». Яъне, пеш аз ҳама Сарвари кишвар тамоми пардаҳои дурӯғинро бардошт, ҳақиқатҳоро ошкор сохт, воқеияти иҷтимоиро дар рӯи бозингарони пушти парда изҳор доштанд. Суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 16 уми тақдирсоз воқеияти ин гуфтаҳост. Натиҷаи ҷонбозиҳо ва азхудгузаштанҳои роҳбарияти сиёсии кишвар аз бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нерӯҳои мухолифин (ИНОТ иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон ) дар рӯзи 27 июни соли 1997 рост омад, ки тантани Ваҳдат ба худ қабои расмиро ба бар кард. Бори дигар таърихи пурфоҷиа ба як маҷрои муътадил ва фазои гузашту бахшиш, авфи ҳамдигарӣ иваз шуд. Валек дар ин иҷрои бандҳои  Созишнома хиёнати нерӯҳои мухолифин ошкор шуда бошад ҳам қадри ин рӯзи таърихи барои миллати мо чун сафҳаи дурахшон боқӣ мемонад. Мо дарк кардем, ки агар мо комил бошем, Ваҳдату иттиҳодро болотар аз нифоқу парокандагӣ, бародарию баробариро авлотар аз барбодӣ, сулҳу сафоро беҳтар аз ҷанг шуморем, ягон қувваи бадхоҳ моро наметавонад, ки ба ҷудоиандозӣ кашад ё ба ҳам бишӯронад. Ягона хидмати беназире, ки таърих бо хатти зарин барои мо дарси ибрат медиҳад, ин мутмаин сохтани мардум аз ҷониби Пешвои миллат  ба сӯи фардои дурахшон ва расидан ба сулҳи ҳамагонӣ буд.

Имрӯз, ки давлати мо ва тамоми кишварҳо бо пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии пандемияи ковид 19 дар мубориза ҳаст  бори дигар арзиши қудратбахши иттиҳодро дар худ эҳсос намуд. Яъне, аён гардид, раҳбаре, ки дар зери борони тир барои сулҳ талош меварзид, имрӯз дар сахттарин рузҳо дар бари миллату давлати худ муборизаи натиҷаоварро бурданд. Дарси ибратбахше, ки аз хуруҷи ин беморӣ ба ҳар фарди солимфикр расид, пеш аз ҳама тантана кардани иттиҳоду сарҷамъии тамоми мардум, ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, дар рӯзҳои мушкил мададрасони якдигар буданро нишон дод. Новобаста аз паёмадҳои манфии ин беморӣ, паёмади некаш он аст, ки таҷлили 23 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро муҷаллову тобон намуд. Бе ягон шубҳа метавон иқрор шуд, ки дар ин рӯзҳои мушкил мо ба қадри иттифоқ даҳчанд расидем. Возеҳу равшан гардид, ки раҳбаре, ки мардумист метавонад бо барномаи мардумӣ муборизаро бо ҳар вабою бо ҳар офат оғоз намоянд. Дар ин замина, зикри як нукта хеле муҳим ҳаст. Зикри афроди фурсатталаб, ҷудоихоҳ, бадгуҳару  бадхоҳ. Аъзоёни ҳамон ҳизбе, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ офату балоро бар сари мардум оварданд, дар ин лаҳзаҳо бо истифода аз рӯзҳои сахти мардум мехостанд, ки тарици фазои иттилоотӣ ва интернетӣ бо хабарҳои беасосу дурӯғин руҳияи миллатро хаста созанд. Аъмоли нопокашонро бар сари миллат бирезанд. Байни мардум иғвою фитна андозанд. Ҳақиқатро аз мардум рабоянд. Худро растагору рострав нишон диҳанд. Валек ҳамон хиради дар боло зикршуда дар зеҳни мардум аллакай реша давондааст. Сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Аз ин фитнаю таҳлукаҳо худро канор гирифта тавонистанд ва канор гирифта низ метавонанд. Вақте ки дарк намудӣ, ки дӯстат кисту душмант кӣ, аллакай ҷаҳонбинии дурӯғин наметавонад ҷойнишини ақли пуртадбир бошад. Идеяи солим, ғояи боҳадаф ва мардумӣ ҳамеша дастболост. Ба ақидаи донишманди илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С., “Ѓолибияти идеяњо – ѓолибияти маънавии халќ мебошад. Он на танњо њувияти миллиро нигоњ дошт ва њифз кард, балки дар набардњои давлатсозї маљбур сохт, то мављудият ва оќибат истиќлолияти ўро эътироф кунанд”. Дар ин рӯзҳо ҳамин идеяи ғолиб ҳаст, ки ба сӯи пешрафт ва ободӣ қадамҳои устувор дорем. Бо такя аз паҳлӯҳои амалию илмии  мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори ҷомеи навин ва мутамаддин силоҳи ҷовидонагии мо Ваҳдату ҳамбастагӣ ва суботу амнияти сартосарӣ унвон гирифтааст. Ва таҷлили ҳар сол аз Ваҳдати миллӣ моро ифтихорманду шукӯҳманд мегардонад.

 Асрорзода Зуҳуриддин – сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии мурољиатњои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Leave a Reply