ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕА – Қаландарзода М.С, Раиси Суди Олии иқтисодӣ

«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»

                                                  (Эмомалӣ Раҳмон)

27 июни соли 1997 барои мо тоҷикистониён рузи таърихӣ, тақдирсозу муқаддас буда, ин сана беҳтарин неъмати зиндагии башарият – сулҳу осоиш, бахшишу ҳамдигарфаҳмиро фароҳам оварда, дар ҳаёти ҷомеа саҳифаҳои навро баҳри рушду ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон боз кард.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, Созишномаи ваҳдати миллӣ боиси ба вуқўъ пайвастани таѓйироти ҷиддӣ дар сохтори давлатӣ гардида, бо баргузории ислоҳоти конститутсионӣ сохтор ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти судӣ такмил дода шуданд. Бори аввал дар таърихи сиёсии Тоҷикистон, асосҳои ташкилӣ ва тарзи тамоман нави Маҷлиси Олӣ ба миен омад, ки он аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.

Таъсиси Маҷлиси намояндагони доимоамалкунанда ба манфиатҳои миллӣ ва ҷомеа, барои такмили низоми қонунгузории миллӣ аҳамияти муҳим дошта, заминаи мустаҳками ҳуқуқии инкишофи устувори иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро таъмин  намуд.

Ҷиҳати таъмин намудани ягонагӣ, мустақилӣ, истисноӣ, танҳо ба қонун итоат намудан, мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва дар сохтори судӣ дигаргуниҳои назаррас амалӣ гардиданд.

Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат дастоварди нодир буда, қадру манзалати онро имруз мо – ҳар як фарди миллат бояд дарк ва баҳри таҳкиму пойдории он саъй намоем. Барои ба насли оянда омўзонидани арзишу аҳамияти он талош кунем, нагузорем, ки гуруҳҳои нохалаф, хоинони ватанфурўш тафаккури ҷавононро рахна ва сулҳу ваҳдати миллиро халалдор созанд.

Дастовардҳои имруз собит менамоянд, ки ҷиҳати пешрафти ҳаёти ҷомеа роҳбарияти давлату ҳукумат бомаром ҳадафҳои стратегии рушди миллиро амалӣ мегардонад. Пешравию анҷоми корҳои бузург дар самти коммуникатсия, энергетика, соҳаҳои сохтмону кишоварзӣ, маорифу илм, ҳифзи иҷтимоиву фарҳанг ва дигарҳо шаҳодати гуфтаҳои боло буда, дар маҷмўъ бобати дар амал татбиқ намудани муқаррароти конститутсионии бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ, ки тибқи он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро давлат  фароҳам  меоварад, пайомадҳои назаррас рўи кор омаданд.

Тавре боло зикр гардид, такмили қонунгузории марбут ба фаъолияти судӣ низ аз замони расидан ба Ваҳдати миллӣ ибтидо гирифта, то ба имрўз дар раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд, ки дар онҳо эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал мебошад.

Боиси зикр аст, ки Президенти кишвар зимни мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ 26 ноябри соли 2019 дар бораи идома додани ислоҳоти судӣ ва таҳияи қонунҳои зарурӣ бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили сохтори судӣ, масъулиятнокии судяҳо, масоили иҷрои санадҳои судӣ бори дигар таъкид намуданд.

Дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, созмони давлати ҳуқуқбунёду ҷомеаи адолатпарвар судяҳои ҷумҳурӣ ҳамчун татбиқкунандаи қонун баҳри устувории волоияти қонун, таъмини ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, масъулияти ҷиддиро ба зимма  доранд. Иҷрои вазифаҳои мазкур аз судяҳо ҳисси баланди эҳтиром Конститутсия ва қонунҳо, ба халқу Ватан, адолатнокию поквиҷдонӣ, беѓаразӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, адлу инсофро талаб менамояд.

Ба ифтихори ҷашни 23- умин солгарди ба имзо расидани санади барои халқу давлати мо тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, судяҳои судҳои иқтисодиро самимона муборакбод намуда, дар амалигардонии рисолатҳои дар боло зикргардида, барояшон тансиҳативу саодатмандӣ, пирузиву музаффариятҳо, руҳу неруи тоза баҳри баамалбарории адолати судӣ таманно менамоям.

 


Leave a Reply