Шанбегӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷалби дастаҷамъонаи роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ шанбегӣ  гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ гирду атроф ва боғи назди бинои Судро аз баргу хазонҳо тоза намуда,  бо мақсади нашъу намои хуб гирду атрофи гулҳои боғи назди бино аз алафҳои бегона тоза карда шуда зери онҳо нарм карда шуд. Бо мақсади зебо гардидан дар боғи назди бино гулҳои ороишии мавсими шинонида шуд.

Инчунин баҳри тозагӣ ва бехатари утоқҳои корӣ ва толори гузаронидани маҷлисҳои судӣ тоза карда шуда бо маҳлулҳои хлори безарар гардонида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply