Маълумот оиди натиҷаи сафари кории Раиси Суди Олии иқтисодӣ ба ноҳияи Спитамен

Аз санаи 19 то 23 апрели соли ҷорӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати тачлили бошукуҳӣ 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқот ва корҳои фамондадиҳӣ баргузор карда намуданд, ки дар он роҳбарияти ноҳия, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, фаъолони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳо тиббӣ, намояндаи Ҳизби халқии демократа, шӯрои ҷамъиятӣ, табибону омӯзгорон, занону ҷавонон иштирок доштанд.

Ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳия дар самти ҳифзи саломатии миллат ва беҳдошти солимии аҳолӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ, маъракаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ, кишту корӣ баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои Президента ва наздиҳавлигӣ, оид ба захираи маводи озуқа баён гардиданд.

Ҳамин мулоқотҳо санаи 20 апрел дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии нохдя, Ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Тағояк ва Куруш, санаи 21 апрел дар Ҷамоатҳои деҳоти Т.Улҷабоев, Истиқлол, Хуррамзамин ва шаҳраки Навкат ва санаи 22 апрели соли 2020 бо иштироки Раиси ввилояти Суғд дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Қайд бояд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон, ҳамчунин супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳӯрйи Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои маҳаллии маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва ҷавонон, фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикйстон дар ноҳия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ахди зиё, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҳар як маҳалли аҳолинишини Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти нохдя гурӯҳҳои корй ташкил карда шуда, аз ҳар як хонаводаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуданд.

Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда шумораи умумии аҳолии ноҳия 140588 нафарро ташкил дода, дар ноҳия 7 Ҷамоатҳои_ шаҳраку деҳот, аз ҷумла Ҷамоати шаҳраки Навкат, Ҷамоатҳои деҳоти Т.Улҷабоев, Куруш, Истиқлол, Сарбанд, Тағояк ва Хуррамзамин мавҷуд мебошад ва шумораи умумии деҳаҳо 26 ададро дар бар мегирад. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев деҳаҳои Нов, Сомғор, Янгиобод, Андарсой ва Навандарсой, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Куруш деҳаҳои Куркат, Ҳаштияк, Ширин, Мехдатобод, Мӯрияк, Ҳавотак ва Файзобод, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Тағояк деҳаҳои Тағояк, Метар, Лангар, Иттифоқ, Шавкат, Камар, Озариён, Ҷовидон ва Роғун, дар худуди Ҷамоати деҳоти Истикдол деҳаҳои Сафедтеппа ва Саидқалъа, дар худуди Ҷамоати деҳоти Сарбанд деҳаҳои Сариосиё ва Сароб ва дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин деҳаи Фармонқалъа мавҷуд мебошад.

Шумораи умумии маҳаллаҳо дар ноҳия 195 адад, аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Навкат 20 адад, дар Ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев 61 адад, дар Ҷамоати деҳоти Куруш 22 адад, дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол 34 адад, дар Ҷамоати деҳоти Тағояк 24 адад, дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд 24 адад ва дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин 10 ададро ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти ноҳия шумораи умумии хоҷагиҳо 20207 адад буда аз он дар Ҷамоати шаҳраки Навкат 3212 адад, дар Ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев 3979 адад, дар Ҷамоати деҳоти Куруш 4309 адад, дар Ҷамоати деҳоти Истиқпол 3045 адад, дар Ҷамоати деҳоти Тағояк 2842 адад, дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд 1578 адад ва дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин 1242 адад мебошад.

Гурӯҳҳои таъсисдодашуда аз ҳисоби мудирони шуъба, бахшҳо ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нохдя дар якҷоягӣ бо кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз 16292 адад хоҷагиҳо дидан намуданд Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Навкат 2900 адад, дар Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев 2665 адад, дар Ҷамоати деҳоти Куруш 3312 адад, дар Ҷамоати деҳоти Истиқгюл 2527 адад, дар Ҷамоати деҳоти Тағояк 2472 адад дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд 1435 адад ва дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин 981 адад боздид ба амал оварданд.

Қайд бояд намуд, ки айни ҳол мувофиқи маълумоти пешниҳод намудаи ноҳия 1260 адад оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод мувофиқи Ҷамоати шаҳраки Навкат 137 адад, Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев 341 адад, Ҷамоати деҳоти Куруш 123 адад, Ҷамоати деҳоти Истиқлол 250 адад, Ҷамоати деҳоти Тағояк 165 адад, Ҷамоати деҳоти Сарбанд 115 адад ва Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин 129 адад мебошад.

Ҳамчунин, мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда дар ноҳия 1290 нафар маъюбон ба қайд шрифта шуданд, ки ин нишондод мувофиқи Ҷамоати шахраки Навкат 183 нафар, Ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев 342 нафар, Ҷамоати деҳоти Куруш 148 нафар, Ҷамоати деҳоти Истикдол 290 нафар, Ҷамоати деҳоти Тағояк 218 нафар, Ҷамоати деҳоти Сарбанд 79 нафар ва Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин 30 нафар рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Спитамен – ноҳияи аграрӣ буда, зиёда аз 90 фоиз аҳолии ноҳия дар деҳаҳо истиқомат менамоянд ва дар ҳамаи хонаҳои истиқоматии худуди деҳаҳо ва ҳатто қисме аз хонаводаҳои Ҷамоати шаҳраки Навкат қитъаҳои замини наздиҳавлигй мавҷуд мебошад.

Сокинони дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии худ, асосан сабзавот ба монанди помидор, бодиринг, қаламфур, қаламфури булгорй, кабутиҳо, қулфинай, картошка, сабзӣ, пиёз, лӯбиёгиҳо кишт менамоянд, ки айни ҳол дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ кишти маҳсулотҳои номбаршуда гузаронида шудааст. Ҳамчунин, дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби шаҳрвандон парвариши дарахтони мевадиҳанда низ ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди Ҷамоатҳои шахраку деҳот зиёда аз 380 ҳазор дарахтони мевадиҳанда мавчуд мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки мутобиқи маълумотҳои нохдя кишту кори баҳорӣ идома дошта, то инҷониб 4 753 гектар пахта, ки 74,2 % фоизро ташкил медиҳад, ҷуворимакка барои дон 885 гектар, ғалладона 1 630 гектар, картошка 126 гектар, полезиҳо 200 гектар ва сабзавотҳо 312 гектар корида шудааст.

Ҳамчунин дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз ҷонибисокинон парвариши чорвои ширдеҳниз ба рох, монда шудаааст, ки баҳри боз ҳам зиёд намудани парвариши чорво аз ҷониби Раёсати кишоварзии ноҳия ва Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба аҳолӣ дастурҳо дода шуда истодааст.

Ғайр аз ин, тибқи маълумотҳо пешниҳодшуда дар нохдя 4 405тона гандум, 1178,4 тонна орд, 30,3 тонна макарон, 219,7 тонна равған, 361,7 тонна биринҷ, 80,1 тонна гӯшт, 177,5 тонна картошка, 199 тонна пиёз ва 113,5 тонна сабзй захира карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид, ки дар ноҳия баҳри пешгирии паҳншавии бемории коронавирус Ситод дар ҳайати роҳбарони ташкилотҳои тандурӯстӣ, маориф, фарҳанг, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дигар сохторҳо таъсис дода шудааст.

Кормандони муассисаҳои КАТС-и ноҳия ҳамарӯза дар маҳалҳо корҳои фахдгондадихд ва гардишҳои хонагӣ гузаронида, беморони гирифтори сирояти шадиди рохд нафасро зери назорат қарор медиҳанд. Дар якҷоягӣ : бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия варақаҳо ва буклетҳо оид ба пешгирии беморй омода ва дар байни аҳолӣ пахд карда шудааст. Дар муассисаи мазкур миқдори зарурии маводҳои безараргардонии гипохлорид калсий 987 кг, 1285 ниқобҳои муҳофизатӣ, 1968 дастпӯшакҳои яккарата, 773 махдули антисептикии тиббй, 69 адад либосҳои муҳофизатй ва 63 адад респиратор захира карда шудааст.

Иншоотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз қабили гузаргохҳо,бозори марказӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, масҷидҳо, мехдоонхлнаҳо ва дигар корхонаҳо бо маҳлулҳои “Гипохлориди калсиӣ” ва “Астера” безарар гардонида шудаанд.

Ғайр аз ин, дар гузаргохҳои сарҳади давлатй кори кори нуқтаҳои санитарии карантинӣ ба роҳ монда шуда, кормандони Муассисаи назорати давлатии санитарй-эпидемиологии ноҳия вобаста гардида, онҳо барои корбарй бо 2900 адад ниқоб, 38 либосҳои муҳофизатии яккарата, тепловизор, 650 дастпӯшак, 1550 кг гипохлорид калсий, 200 адад ва 185 фл махдули антисептикйтаъмин карда шудаанд.

Беморхонаи марказии ноҳия 1300 хлор, 300 ададниқобҳо, 1100 адад дастпӯшакҳои яккарата, 1080 адад махдули антисептикй ва 40 адад лавозимоти муҳофизатӣ захира карда шуда, мунтазам ин лавозимотҳо пур карда мешаванд.

Дар муассисаҳои маориф микдори зарурӣ низ захира карда шудааст, аз ҷумла 1775 кг гипохлорид калсий 16 170 адад дастпӯшакҳо, 30708 адад ниқобҳо, 146,7 литр спирт, 8473 адад бинт ва дигар маводҳо захира карда шудааст.

Дарҳафтавори “Паёми Спитамен” ва “Маҳзани маърифат” баромадҳои духтурон ва мақолаҳо оид ба пешгирии паҳншавии беморӣ дарҷ гардида, ҳар ҳафта ду маротиба тариқи радиои маҳаллӣ, ки дар ҳудуди нохдя 31 нуқтаи радиошунавои мавҷуд аст, баромадҳо пахш карда мешаванд.


Leave a Reply