Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Спитамен

Аз санаи  1 то 8 апрели соли ҷорӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  баргузор намуданд, ки дар он роҳбарияти  ноҳия, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, фаъолони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилотҳо ва  муассисаҳо тиббӣ, ходимони дин, намояндаи Ҳизби халқии демократӣ, шӯрои ҷамъиятӣ, табибону омӯзгорон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону ҷавонон иштирок намуданд.

Ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳия дар бораи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар самти ҳифзи саломатии миллат ва беҳдошти солимии аҳолӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ, маъракаҳои даъват ба  хизмати ҳарбӣ, кишту корӣ баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои  Президентӣ  ва наздиҳавлигӣ, қарзи андоз, оид ба захираи маводи  озуқа  баён гардиданд.

Ғайр аз ин, зимни сафари корӣ вазъи  муассисаҳои  таълимӣ  ва  томактабӣ (боғчаҳо), марказҳои саломатӣ бунгоҳҳои  тиббию беморхонаҳо ва  корхонаҳои истеҳсолии ноҳия  дидан намуда, оид ба  андешидани чораҳои пешбинишуда  вобаста  ба пешгирӣ аз сирояти нави коронавирус, инчунин  фаъолияти истеҳсолии онҳо   тавсияҳо дода шуд.

Дар баробари ин, даъват ба миён оварда шуд, ки дар муддати кӯтоҳ  чораҳои  безараргардонии  манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои дигарро ба роҳ монда,  ба тозагии муҳити зист ва маҳалли истиқоматӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Спитамен бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  ба роҳ мондани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус (COVID-19 ситоди ноҳиявӣ ташкил шудааст.

Барои пешгирии бемории короновирус безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда шуда, масъалаи мазкур таҳти назорати доимии роҳбарияти ноҳия ва ситоди ноҳиявӣ қарор дорад.

Ҳамчунин  санаи 4  апрели соли 2020 дар ноҳия бо фаъолони  ноҳия ва ситод ҷаласаи корӣ доир намуда, бо гуруҳҳои корӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба  назорати  корҳои  андешида шуда ҷиҳати  пешгирӣ аз бемории сироятӣ, оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати вусъати корҳои бунёдкорӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply