НАВРӮЗУ ОБОДКОРӢ ҲАММАЪНОЯНД – Бегиҷонзода Мирзо – мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси СОИ ҶТ

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёинажод ба ҳисоб рафта, он файзу баракати зиёд ва хосиятҳои ба худ хосро доро мебошад. Наврӯз рамзи хушбахтӣ, шодиву фараҳ ва пеш аз ҳама, айёми шукуфтанҳову рустанҳо ва бедоршавии табиат мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зикр кардаанд: “Имрӯз мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи Аҷамро дар фазоӣ озоду осуда, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва мо бояд ба қадри он расем ва шукронаи чунин рӯзҳои осоиштаро ба ҷо оварем”.

Дарвоқеъ, ин ҷашни бузург бо шарофати озоди­ву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ва ибтикору дастгирии Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Ин аз фарҳанги бою ғанӣ ва таърихи кӯҳанбунёд доштани мардуми ориёиву миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Дар рӯзҳои фасли зебои баҳор бо саъю талоши сокинони мамлакат бисёр корҳои ободонӣ ба анҷом расида, як қатор иншооту биноҳои нав ба фаъолият оғоз менамоянд, ки ин ҳама гувоҳ аз рамзи ободониву осоиштагии Наврӯзи диёр мебошад.

Воқеан ҳам, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад.

Роҳбари давлат низ дар баъзе вохӯриву суҳбатҳо ҷомеаро ба вусъати корҳои ободонӣ ва рушду тараққиёти минбаъдаи соҳаҳо ҷалб менамояид. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Наврӯзи аҷдодӣ ба мардуми кӯҳанбунёду соҳибфархднги мо дар иҷрои нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ имсол низ рӯҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини Ватани маҳбубамон дастовардҳои тоза меорад.

Ин аст, ки аллакай бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳй ва ҳунарҳои мардумӣ” дар гӯшаву канори мамлакат шанбегиҳо ташкил шуда, саҳну атрофи иншооти гуногун сарсабзу обод ва гулу гулкорӣ гардида истодааст.

Бегиҷонзода Мирзо – мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси СОИ ҶТ

 


Leave a Reply