Шанбегӣ бо ҷалби роҳбарият ва кормандон бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни “Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ”

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷалби дастаҷамъонаи роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ бо мақсади сазовор ва ба шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ, ки мавсиби бедоршавии табиат ва мавсими шукуфтаҳо мебошад, шанбегӣ  гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ гирду атроф ва боғи назди бинои Судро аз баргу хазонҳо ва партовҳо тоза намуданд.

Инчунин утоқҳои корӣ, толори гузаронидани маҷлисҳои судӣ, долони бинои суд тоза ва корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки шанбегӣ бо супориши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сазовор ҷашнгирии идҳои миллӣ бармеояд, гузаронида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply