Ҷамъомад дар СОИ ҶТ бахшида ба рӯзи Модар

Санаи 6 март дар толори Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии  зан-модар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф. ва судя Темурзода Ш. баромад намуда бонувон ва занони Суди Олии иқтисодиро ба муносибаи ин рӯзӣ фархунда табрик намуда қайд карданд, ки рисолати аслии зани тоҷик дар ҷомеъаи кунунӣ тарбияи насли солиму созанда ва фароҳам овардани  фазои солим барои бунёди ояндаи дурахшон аст. Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Нақш ва мавқеи зан дар таҳкими адолати судӣ дар баробари мардон хеле муҳим мебошад, зеро вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эълон кард.

Дар охир  ба бонувон  сарбаландӣ, некномӣ, тандурустӣ, шодмонию шодкомӣ  ва  саодатмандию  пирӯзиҳои  бештарро дар зиндагӣ ва тинҷию  осудагӣ,  якдилию  якмаромиро дар хонадонашон  таманно намуданд.

Пас аз анҷоми ҷамъомад Роҳбарияти Суди Олии иқтисоди занон собиқадороне, ки хидматҳои шоистаиро дар рушду нумӯи ҳокимияти судӣ васф намудаанд аёдат намуда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply