Ҷашни зебою фархунда, лутфу каромат ва муҳаббату садоқат – Рӯзи Модарро, ки аз айёми эҳёи табиат мужда медиҳад, табрику таҳният менамоем.

Пешвои муаззами милат бо эҳтирому арҷгузорӣ мақоми волои Модарро ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, равшангари қалбҳо васф намуда, бар ҳақ, дар ҳама давру замон, Модарон рисолати таҳкими оромиву осоиши ҷомеа, ваҳдату дӯстӣ, пос доштани арзишҳои умумибашарии сулҳу суботи сайёраро талқин менамоянд.

Бо орзуву ниятҳои тоза, бори дигар Шуморо ба муносибати иди бонувон самимона муборакбод намуда, таманно менамоем, ки танатон солиму руҳатон шодоб, ҳаётатон сабзу баҳорӣ, рузгоратон бо файзу баракат бошад.

Бо эҳтиром,
Раиси Суди Олии иқтисодӣ
Қаландарзода М.С.


Leave a Reply