Рӯзи артиши миллӣ муборак!

Ҳамватанони гироми,
Шуморо ба муносибати ҷашни 27 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз сохтори муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон мебошад, муборакбод мегӯем.
Бо ифтихормандиии зиёд изҳор менамоем, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон яке аз пурқувваттарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа маҳсуб меёбад ва дахлнопазирии марзу бум ва тамомияти арзии Тоҷикистони азизамонро босадоқату софдилона ҳифз менамоянд.
Бори дигар иди касбиро бароятон табрику таҳният гуфта, саломатии бардавом, руҳу иродаи қавӣ ва пешрафту комёбиҳои беназир таммано дорем.
Бо арзи эҳтиром
Раиси Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қаландарзода М.С.

Leave a Reply