Вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳияи Спитамен

Аз санаи 15 то 19 феврали  соли равон  Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода  М.С.  ва роҳбари дастгоҳи суд Қаҳҳорзода Ҷ.А. бо мақсади иҷрои  амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018  ҷиҳати  тақвият бахшидан  ба корҳои   ободонию  созандагӣ  баҳри сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон  ба  ноҳияи Спитамен сафари корӣ  онҷом  доданд.

Роҳбарияти  суд  дар  ҷамоатҳои  Ӯлҷабоев, Хуррамзамин, Куруш, Тағояк ва шаҳраки  Навкат  бо аъзоёни гурурҳҳои  кории ноҳиявӣ  мулоқоту  вохӯриҳо  доир  намуда, оид ба вазъи корҳои ободонию  созандагӣ, иҷрои нақшаи  чорабиниҳои тасдиқгардида,  инчунин корҳои иловагии иҷрошуда,  ҳисоботи онҳо шунида шуд.

Инчунин оид ба  вазъи  иншоотҳои  соҳаи  маориф,  аз ҷумла   муассисаҳои таълимии  то мактабӣ, боғчаҳо, мактабҳо, варзишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, кошонаҳои  ҳусн, муасисаҳои соҳаи  тиб, бунгоҳҳои  тиббию марказҳои саломатӣ,  ҷойи баргузории  хатнасур, дандонпизишкӣ  ва дигар  иншоотҳои  соҳа  аз ҳар як гуруҳи корӣ, пурсида шуд.

Қобили қайд аст, ки дар  рафти сафари корӣ  аз  сохтмони чанде  аз иншоотҳои ҳамин соҳаҳо  дидан карда шуда, оид ба   камбудиҳои ҷойдошта,  сифати  сохтмонҳо  тарзи супоридани онҳо,  оид ба   пурра  таҳия  ва ба  тасвиб расонидани санадҳои ба истифодадиҳии иншоотҳои сохташуда  то қабули  иншоотҳо, ҷиҳати тақвият  бахшидан ба корҳои дар самти  кабидизоркунонӣ, шинонидани  дарахтони сояафкану ороишӣ, бахусус дар шафати  роҳҳои  мошингард, бунёди  боғу токзорҳо аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ, ташкили ҳашарҳо ва сарфаю сариштакорӣ  тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон  зимни  мулоқот  аъзоёни  гуруҳҳои кори ноҳиявӣ   вазифадор карда шуданд ки  то охири  давоми моҳи марти соли 2020  вазъи  ободонии  манзилҳои  истиқоматии шаҳрвандон ва  иншооти   тиҷоратиро аз назар  гузаронида, барои то ҷашни 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бартараф кардани камбудиҳои  ҷойдошта, амалӣ   кардани  тадбирҳои   ободонии манзили   зист, ҳудудҳои маҳаллаҳо, васею зебогардонии роҳу кӯчаҳо  ва ғайра  роҳандозӣ намоянд.

Ғайр аз ин,  гуруҳҳои корӣ  мувазаф гардиданд, ки бо ҷалби  фаъолони маҳаллаҳо, шӯрои  занон, ҷавонони деҳаҳо баҳри  муайян кардани  мушкилиҳои ҳар як оила ва маҳалла кор бурда, оид ба самаранок истифода  кардани заминҳои наздиҳавлигӣ, рушди ҳунарҳои  мардумӣ суҳбат газаронанд.  Инчунин, дастгирии оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, ятимон, бепарасторон ва  қишри ниёзманди ҷомеа ба таври доимӣ тавассути  ташкили  ҳашарҳо баҳри  тозаву обод кардани манзили  онҳо, расонидани  кӯмакҳои  хайриявӣ ба монандӣ: , таъмин намудан бо сӯзишворӣ дар фасли  зимистон, расонидани масолеҳи озуқаворӣ, доруворӣ чораҷӯӣ намоянд.

Қобили қайд аст, ки  дар соли 2019 дар ноҳия 1480 оилаҳои камбизоат, 48 нафар барҷомонда, 1347 нафар маъюбони  гуруҳи 1,2 ва 3, 96 нафар шахсони  яккаву танҳо ва  826 ятим, ки аз он 11 нафарашон ятими кул зиндагонӣ  менамояд.

Баъдан аз ҷониби Раиси  Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қалалндарзода М.С. оид ба омодагӣ  дар  маъракаи муҳими  сиёсии дарпешистода дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз ҳавзаҳои  интихоботи  дида  намудан

Маълум карда шуд, ки дар  ноҳияи Спитамен як ҳавзаи интихоботии якмандатии “Спитамен” №25, шумораи умумии интихобкунандагон 108 ҳазору 898 нафар мебошад, мавҷуд аст. Ҳудуди ҳавзаи интихоботии якмандатии “Спитамен” №25 ноҳияи Спитамен (74299 нафар), ноҳияи Зафаробод (11790 нафар) ва ноҳияи Деваштич (22809 нафар) мебошад. Бо қарори раиси комиссияи ҳавзаи интихоботи якмандатии “Спитамен” №25 дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Ғазантараки ноҳияи Деваштич ва ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод ва ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод 66 адад участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда, омодагӣ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ қарор дорад.

Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Спитамен тибқи қарори комиссияи интихоботии вилояти Суғд 3 адад ҳавзаи интихоботии вилоятӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла ҳавзаи интихоботии “Нов” №54, “Сарбанд” №55 ва “Куруш” №56 ташкил карда шудааст, ки шумораи умумии интихобкунандагон 74299 нафар мебошад.

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен дар ҳудуди ноҳия 35 адад ҳавзаи интихоботӣ ва 35 адад участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.

Ҳавзаи интихоботии якмандатии «Спитамен» №25 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҶДММ «Тоҷикматлубот», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Навкат, кӯчаи ба номи Спитамен ҷойгир буда, бо лавозимотҳои зарурӣ таъмин ва ба баргузории маъракаҳои  интихоботӣ омода мебошад.

Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Спитамен дар Раёсати кишоварзии ноҳия ҷойгир шуда, ба кори ҳайати комиссия шароити муносиб  фароҳам оварда шудааст.

Дар ноҳия шиору овезаҳо, гӯшаҳо, овезаҳои пештоқӣ, қуттиҳои махсуси овоздиҳӣ, муҳрҳо, мизу курсиҳо, маводҳои конселярӣ ва дигар лавозимотҳои зарурӣ пурра таъмин карда шудаанд.

Дар ҳозира тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019, таҳти №14 тасдиқ шудааст, пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ то санаи 25 январи соли 2020 анҷом дода, айни ҳол вохӯрии номзадҳо  бо интихобкунандагон идома дорад.

Роҳбари гуруҳи кории ҳукуматӣ, ҷиҳати  дар сатҳи  баланд баргузор  гардидани  ин чорабинии сиёсӣ доир ба ширкати фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, ҳушёриву зиракӣ, расидан ба қадри  истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи  ваҳдати миллӣ ва амнияти  давлат ба  шахсони масъули ҳавзаҳои интихоботӣ   мулоқот  доир намуда, ба онҳо тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply