Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2020»

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати  ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар  соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Мутобиқи  рӯзноми  маҷлис оид ба  ҷамъбсти   фаъолияти  судҳои иқтисодӣ  дар соли 2019  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ  Аминзода Зокир. маърӯза намуда, сипас ахбороти  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қомили Ф.  оид ба натиҷаи  фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ  шунида шуд. Сипас оид ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият баромад намуданд.

Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2020 – ро ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.

Ахбороти натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисоди дар солӣ 2019 рузҳои наздик пурра ва муфассал интишор мегардад

Маракази матбуоти СОИ ТҶ


Leave a Reply