Таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Оғоз аз санаи 3 январ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда дар ноҳияи Спитамен бо ҳамроҳии гуруҳи корӣ, аз ҳисоби   намояндагони  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, Ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон, ШВКД дар ноҳияи Спитамен, амният, прокуратура, бахши  кор бо  ҷавонони ва варзиши ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон  дар ҳафт ҷамоати  ноҳияи  Спитамен (Ҷамоати шаҳраки Навкат, Ҷамоатҳои деҳоти  Турсун Ӯлҷабоев, Сарбанд, Истиқлол, Хуррамзамин, Куруш  ва Тағояк)  бо табақаҳои гуногуни ин ҷамоатҳо суҳбату  вохӯриҳо  гузаронида, мазмуну  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  шарҳу  тавзеҳ дода шудааст.

Сокинони ноҳия Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳамчун Паёми роҳнамову созанда ва роҳкушо ба сӯйи қуллаҳои дурахшони фатҳу зафар ва дурнамо барои рушди устувори иқтисоди мамлакат арзёбӣ намуда, ҳар як нуктаи онро барои имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлоламон муҳим меҳисобанд.

Қайд кардашуд, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастурамали корӣ  фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад.

 

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply