Баргузории мизи мудаввар доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Санаи 29 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодӣ ва Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва  судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2019 вохӯрии бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Кори вохӯриро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ  Аминзода З.Т. оғоз намуда пеш аз ҳама ҳузури ҳар як иштирокчии ин чорабиниро хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки Мақсад аз доир намудани чунин вохӯрӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба коррупсия ва хатари он дар байни кормандони дастгоҳи судҳо, иштироки фаъолона дар бораи решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дар сохтори судҳои иқтисодӣ бо риояи қонунҳои амалкунанда тавассути баргузор намудани озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи ин сохтор аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби судяҳо ва Кодеки одоби хизматчии давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби  судҳои иқтисодӣ дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахш ва самарабар ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.

Сипас намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба паҳлуҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва методология оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият маърӯза намуда, иштирокчиёни  вохӯрӣ доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.


Leave a Reply