Баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ

Санаи 6 декабри соли 2019 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбии хизматчиёни давлатии маъмурии судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, аттестатсияи  баргузор гардид.

Аттестатсия аз ҷониби комиссия дар ҳайати Аминзода З.Т. –  Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шоназаров С.А- Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Юнусзода И.Ғ. – сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Ҷ.Қ.- Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асрорзода З.- Сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони судҳои иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанб доир гардид.

Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида 12 нафар кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар, аз Суди иқтисодии вилояти Суғд 1 нафар, аз Суди иқтисодии вилояти Хатлон 2 нафар ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 3 нафар ба аттестатсия фаро гирифта шуданд.

Дар натиҷа аз 12 нафар кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии аттестатсияшаванда бо қарори Комиссияи аттетстатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 нафар дорои 20.1 хол пеш аз муҳлат додани рутбаи дараҷаи тахассусӣ, 11 нафар дорои аз 17 то 20 хол ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқ дониста шудаанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аттестатсия тибқи талаботи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронида аттестатсия хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 №468 тасдиқ карда шудааст, бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №7 аз 5 ноябри соли 2019 дар бораи таъсиси ҳайати комиссияи аттестатсионӣ, ҳамзамон бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №8 аз 11 ноябри соли 2019 санаи баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply