Омӯзиши  суханронии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқот  бо кормандони  мақомоти  судӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машғулияти семинарии ҳармоҳа омӯзиши  суханронии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар  мулоқот  бо кормандони  мақомоти  судӣ санаи  21 ноябри соли  ҷорӣ  баргузор гардида буд,  барпо гардид.

Дар ҳамоиши  мазкур  Раисон, муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Қаландарзода Мавлуда оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҳадафи асосии баргузории мулоқоти Пешвои миллат  бо кормандони мақомоти судӣ, ин таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа буд.

Пешвои муаззами  миллат дар суханрониашон нақш ва мавқеи ҳокимияти судиро дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ намуданд, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Пешвои миллат дар суханрониашон фаъолияти 10 солаи  кормандони мақомоти судиро дар давраи аз соли 2009 то 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода,  таъкид сохтанд, ки дар фаъолияти судяҳо камбудиҳо, ба монанди бо сифати паст таҳия намудани санадҳои судӣ ва дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ҷой доранд, ки боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ мегарданд. Зеро дар доираи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ ва қабули қарорҳои асоснок яке аз кафолатҳои конститутсионии  амалӣ намудани адолати судӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат дар баромади  худ иброз доштанд, ки дар  фаъолияти баъзе судяҳо сифати пасти таҳияи санадҳои судӣ, риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, беасос таҳия намудани ҳалномаҳои калонҳаҷми душворфаҳм, сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳо, беасос ва бидуни баррасӣ монондани аризаҳо ҷой доранд.

Масъалаи дигаре, ки диққати кормандони мақомоти судии кишвар ба он ҷалб карда мешавад, муносибати дағалонаи баъзеи онҳо бо муроҷиаткунандагон ва дар ин замина зиёд шудани арзу шикоятҳо мебошад. Зеро чунин рафтор ба шаъну шарафи судя ва мақомоти судӣ иснод меорад.

Судя бояд бо фарҳанги баланд, гуфтору рафтори худ ва риояи одоби намояндаи ҳокимияти давлатӣ намунаи ибрати дигарон бошад.

Ҳамчунин  сарвари давлат қайд карданд, ки ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе судяҳо ба қадри вазифаи пурмасъули судягӣ намерасанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд ва бо ин амалашон ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро халалдор месозанд.

Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои бекор шудани санадҳои судӣ, пеш аз ҳама, аз он иборатанд, ки судяҳо дар вақти баррасии парванда беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд, ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд ва дар баробари ин, норасоии дониши касбӣ ва таҷриба, дар баъзе ҳолатҳо мавҷуд будани ғараз нисбат ба парванда боиси татбиқи нодурусти қонунҳо ва дар охир қабули санадҳои ғайриқонунӣ мегардад.

Назорати судӣ дар самти иҷрои саривақтии санадҳои судӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Масъулияти судяҳо ҷиҳати назорати иҷрои қарорҳои судӣ бояд баланд бардошта шавад, зеро таъмин нагардидани иҷрои саривақтии санадҳои судӣ норозигии тарафҳои манфиатдори парвандаҳои судӣ ва афкори манфии мардумро нисбат ба фаъолияти судяҳо ба миён оварда, обрӯву эътибори ҳокимияти судиро коста менамояд.

Ҳамчунин қайд карданд, ки аз ҷониби судҳо бе асосҳои зарурӣ боздоштани иҷрои санадҳои судӣ боиси рӯёнида нашудани қисми зиёди ин маблағҳо, яъне дар рӯи коғаз мондани онҳо гардидааст.

Пешвои миллат дар мулоқоти мазкур барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун, баамалбарории адолатӣ судӣ ва дигар самтҳои асосии соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва мақсади асосии ин ҷамъомад низ ба омӯзишӣ ин дастуру супоришҳо равона карда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш  судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Шамсиддин марбут ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормнадони мақомоти судӣ, Мирзозода  Парвиз ва Азизӣ Ҷалолиддин  оид ба  камбудиҳо зимни  гузаронидани  ҷамъбастиҳо  баромадҳо намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  Раиси  Суди Олии  иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода  М.С,  иброз доштанд, ки   дастуру  супоришҳои Сарвари  давлат ки ҳангоми  мулоқот  ба   кормандони  мақомоти судӣ  ироа  гардида буд, сармашҳи фаъолияти   худ қарор  дода, ҷиҳати ислоҳи  камбудию  норасоиҳои  дар  фаъолияти  судҳо  ҷой дошта  чораҳои  зарурӣ андешида  шаванд.Инчунин  қайд намуданд, ки  мо судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳоямонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом дода  ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply